Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЛШУМОРИИ ГРИГОРИАНӢ

СОЛШУМОРИИ ГРИГОРИАНӢ

gregorianischer_kalender

СОЛШУМОРИИ ГРИГОРИАНӢ, системаи муҳосибаи муддати тӯлонии вақт, ки папаи Рим Григории XIII соли 1582 ҷорӣ намудааст. Аз сабаби нисбат ба соли троникӣ 11 дақиқа 14 сония дароз будани соли юлианӣ дар тӯли 128 сол ҳато як шаборӯзро ташкил дод. Бинобар ин дар охири асри 16 эътидоли баҳорӣ, ки соли 325 мелодӣ ба рӯзи 12-уми март рост меомад, ба 11 март мувофиқ омад. Ин хаторо дар асоси нишондоди папаи Рим Григории XIII ислоҳ намуданд. Барои ислоҳи ин ҳато ҳисоби рӯзҳоро 10 шаборӯз пеш бурданд ва рӯзи баъди 4 октябр (панҷшанбе)- ро 5-ум нею 15-ум (ҷумъа) ҳисобиданд. Ҳамин тавр рӯзи эътидоли баҳорӣ боз ба 21-уми март баргардонида шуд. Барои ба хатои нав роҳ надодан қарор карданд, ки дар ҳар 400 сол 3 рӯз партофта шавад. Ин солшуморӣ номи Солшумории григорианӣ ё санаи навро гирифт. Фарқи санаи наву кӯҳна дар асри 18 ба 11 шаборӯз, дар асри 19 ба 12 шаборӯз, дар асри 20 ба 13 шаборӯз баробар мебошад.

Солшумории григорианӣ дар мамлакатҳои мухталиф дар вақтҳои гуногун ҷорӣ гардида буд. Дар Россия Солшумории григорианӣ баъди Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр дар асоси декрети Совети Комиссариати халқии РСФСР аз 24 январи 1918 (25 ва 26 январи 1918 чон шудааст) ҷорӣ гардид. Дар асоси ин декрет баъди 31 январ 1918 1-ум феврал нею 14 феврал ҳисобида шуд. Рӯзҳои ҳафтаи ҳар ду солшуморӣ (юлианӣ ва григорианӣ) мувофиқ буданд, бинобар ин ҳангоми гузаштан аз санаи кӯҳна ба санаи нав рӯзҳо бетағйир монданд. Дар миёнаҳои асри 20 амалан ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон Солшумории григорианиро истифода мебурдагӣ шуданд. Нигаред низ Солшуморӣ, Тақвим.

kalendar2

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …