Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Давлати СОҲИЛИ ОҶ

Давлати СОҲИЛИ ОҶ

sohili-oj

СОҲИЛИ ОҶ, аз октябри 1985—КОТДИВУАР, Республикаи Кот-Дивуар (RepubliquedeCoted, lvoire), давлатест дар Африrаи Ғарбӣ. Масоҳ. 322,5 ҳаз. км2. Аҳолиаш 8,9 млн нафар (1984), асосан халқҳои анья, бауле, кру, сенуфо. Забони расмӣ — франсавӣ. Тақрибан аз се ду қисми аҳолӣ ба динҳои анъанавии маҳаллӣ эътиқод дорад. Пойтахташ шаҳри Ямусукро. Сардори давлат ва ҳукумат— президент. Органи қонунбарор — Маҷлиси миллӣ. Сатҳаш асосан ҳамвор аст. Иқлимаш дар ноҳияҳои ҷанубӣ экваторӣ (боришоти солона то 2300 мм) ва дар шимол субэкваторист. Ҳарорати миёнаи солона 26,5°С. Дар ҷануб бешаҳои экваторӣ, дар шимол растаниҳои саваннагӣ мерӯянд.

То асри 15, пеш аз омадани европоиён, дар ҳудуди Соҳили Оҷ давлатҳои ибтидоии феодалӣ вуҷуд доштанд (қисми шимолаш дар зери таъсири Гаиа, Мали, Сангаи буд). Аз ибтидои асри 18 сар карда мустамликадорони Франция омаданд. Соли 1893 мустамликаи франсавии Соҳили Оҷ ташкил шу. Аз августи 1960 давлати мустақил. Солҳои 1967—69 бо СССР алоқаи дипломатӣ дошт. Партияи ҳукмронаш Партияи демократии Соҳили Оҷ .

sohili-oj1

Соҳили Оҷ мамлакати аграрист. Дар иқтисодиёти он капитали Франция мавқеи асосӣ дорад. Заминдории ҷамоавӣ маъмул аст. Асосан қаҳва, какав, пахта, ананас, банан, ҷавзи ҳиндӣ мепарваранд. Хоҷагии калони ҷангал дорад. Алмос истихроҷ мекунанд. Саноати коркарди маҳсулот хоҷагии қишлоқ, бофандагӣ, чубкорӣ ривоҷ ёфтааст. Соли 1983-ум 1,98 млрд кВт-с энергияи электр истаҳсол карда буд.

Бандари асосиаш шаҳри Обидҷон. Ба хориҷа чӯб, қаҳва, какав, мева, алмос мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Франция, РФГ. Воҳиди пул—франки африкоӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …