Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЁҲАК

СИЁҲАК

СИЁҲАК, қароӣ, қарокалтак, як навъ ангури миёнапазак. Селексияи халқӣ. Бештар дар вилояти Ленинобод (махсусан дар деҳаҳои Исфисору Қистакӯз), инчунин дар вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон мепарваранд. Токаш тезсабз, қаламчааш баъди 3— 4 сол ҳосил мебандад, 45—48%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ аст. Аз ҳар гектар 125—140 т ҳосил мегиранд. Асосан барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Онро хушконда мавиз (26—28% мавизи хушсифат медиҳад) ҳам мекунанд.

Я. Шукуров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …