Маълумоти охирин
Главная / Техника / СИХМОЛА

СИХМОЛА

СИХМОЛА, олатест, барои нарм кардани замин ва бехи растаниҳо. Маълумоти аввалин оид ба истифодаи Сихмола ба асри 1 то милод (Рими Қадим) тааллуқ дорад. Сихмола охирҳои асри 1 милод дар байни қабилаҳои славянӣ маъмул шудааст.

sixmola

Сихмолаои ҳозираро ба дандонадор, дискдор, инчунин муштарак ва махсус ҷудо мекунанд.

Сихмолаи дандонадор барои нарм кардани қабати болоии хок (баъди шудгор), шикастани сафолаки хок (баҳор) дар замини кишти тирамоҳӣ ва нарм кардани бехи навниҳолҳо, хокпӯш намудани тухми ва нуриҳои минералӣ, пеш аз кишт ҳамвор кардани сатҳи замин ва нест кардани алафҳои бегона истифода мешавад. Қисмҳои кории Сихмолаҳои дандонадор дандонаҳои фӯлодин (росткунҷа, кордшакл, мудаввар ва ғайра) мебошанд. Мувофиқи коре, ки ба як дандона рост меояд, ин Сихмолаҳо вазнин (16—20 Н), миёна (12 —16 Н) ва сабук (5—12 Н); (1 Н « 0,1 кгқ) мешаванд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …