Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШҲОИ ХАЛҚИИ АСРҲОИ 18 ДАР САМАРҚАНД

ШӮРИШҲОИ ХАЛҚИИ АСРҲОИ 18 ДАР САМАРҚАНД

shurish-dar-samarkand

ШӮРИШҲОИ ХАЛҚИИ АСРҲОИ  18 ДАР САМАРҚАНД, хуруҷҳои халқӣ бар зидди зулму истисмори вазнини феодалӣ ва ҳокимони давр. Шӯриши соли 1622, бар зидди сиёсати ғоратгаронаи Имомқулихон нигаронида шуда буд. Соли 1622 бар зидди ваҳшонияте, ни Имомқулихон нисбат ба халқи Тошкент раво дид, шӯриши халқӣ cap зад. Халқи шӯришбардоштаи Тошкент писари  момқулихонро қатл карда, Тошкентро забт намуд. Имомқулихон ваҳшонияти зиёд ин шӯришро пахш кард. Эътирозан бар муқобили ин вахшоният халқи Самарқанд ва атрофи он шӯриш бардошт, вале он бо қувваи яроқ пахш карда шуд.

Дар аҳди Абдулазизхон (1645-80) дар деҳаи Даҳбеди Самарқанд шӯриши калоне руй дод. Ақалияти ин шӯриши халқи то дараҷае буд, ки Абдулазизхон бо лашкари зиёд омада шӯришро хобонд ва ба воситаи одамонаш Даҳбедро оташ зада хароб намуд. Ин шӯриш барои бедоршавӣ ва муборизаи минбаъдан халқи тоҷик ва диг. халқҳои Осиёи Миёна бар зидди золимон аҳамияти калон дошт. Шӯриши соли 1713. Хуруҷи калони халқист, ки ба муқобили асорати ҳокими шаҳр Фарҳодбии Аштархонӣ нигаронида шуда буд.Абдулфайзхони Аштархонӣ с. 1711 Фарҳодбии золимро ҳокими вил. Самарқанд таъин кард. ӯ чун золиму хунхори ҳарис дар байни мардум ном бароварда буд. Бо ҳар гуна баҳонаю сабаб аз аҳолӣ зуд-зуд хироҷ мегирифт. Ин тороҷгариҳою зулми Фарҳодбий аҳли меҳнату ҳунарро хонахароб намуд. Тоҷирон ва ҳатто қисми мансабдорони давлатӣ аз рафтори ӯ норозӣ буданд. Сипоҳиён  дар Бухоро гирд омада, ба хулосае омаданд, ки Фарҳодбийро аз ҳукмронӣ маҳрум намуда, Муҳаммадраҳимбийро ҳокими вилоят таъин кунанд.

Шӯриши соли 1714 бар зидди ҳокими нави Самарқанд Муҳаммадраҳимбий нигаронида шуда буд, ки ӯ дар зулму тааддӣ аз пешгузаштаи худ камӣ надошт. Абдурраҳмони Толеъ дар ҳаққи Муҳаммадраҳимбий ва ёрдамчии вай Султон Тӯқсабои кенагас навиштааст, ки онҳо ба оилаи аҳолии осоишта ҳар гуна зулму бедодгариро раво медонистанд. Дар бораи онҳо ба ҳукумати марказӣ борҳо арзу шикоятхо навишта шуда буд. Аҳолӣ ба танг омада шӯриш карда ва Султон Тӯқсаборо аз Самарқанд ронд. Муҳаммадраҳимбий ба Бухоро гурехт.

Шӯриши соли 1720. Фарҳодбии Аштархонӣ с. 1717 лашкари ҳокими навбатии Самарқанд Нодирбийро шикаст дода, шаҳрро забт намуд. Истисмори ваҳшиёна ва сиёсати ғоратгаронаи Фарҳодбий боз аз ҳад гузашт ва боиси норозигии навбатии мардуми Самарқанд  гардид. С. 1720 омма боз шқӯриш бардошт. Шӯришгарон Фарҳодбийро аз сари ҳокимият дур кардан два оқибат ӯ с. 1722 кушта шуд. Дар аҳди Аштархониён пай дар пай шӯришҳои халқӣ рӯй медоданд. Аз набудани  роҳбари ҳақиқӣ истифода бурда феодалони ҷудогона ҷунбишҳо ва ошӯбҳои ҳалқиро баъзан ба мақсадҳои худ истифода мекарданд.

Қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи Ш. ҳалқи меҳнаткаш буд.Чунин шӯришҳо минбаъд боиси сар задани ошӯб ва ҷунбишҳои нави халқӣ дар Осиём Миёна ва гӯшаву канори он гардида (шӯриши с. 1681 дар водии Зарафшон, шӯриши  халқии с. 1885 дар Фарғона, шӯриши с. 1843-и туркманҳо дар Марв ва ғ.), дар дили синфи доро тарсу ҳарос меандохтанд. Ин Ш. барои аз зулму асорати феодалӣ ва худшиносии халқи мазлум аҳамияти калон доштанд.

Ад: История Самарканда с древнейших времён до Великой Октябрьской социалистической революции, т. 1,Ташкент, 1969;

Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая древняя  и средневековая

История, М., 1972

Шӯриши соли 1713. Хуруҷи калони халқист, ки ба муқобили асорати ҳокими шаҳр Фарҳодбии Аштархонӣ нигаронида шуда буд.

Абдулфайзхони Аштархонӣ с. 1711 Фарҳодбии золимро ҳокими вил. Самарқанд таъин кард. ӯ чун золиму хунхори ҳарис дар байни мардум ном бароварда буд. Бо ҳар гуна баҳонаю сабаб аз аҳолӣ зуд-зуд хироҷ мегирифт. Ин тороҷгариҳою зулми Фарҳодбий аҳли меҳнату ҳунарро хонахароб намуд. Тоҷирон ва ҳатто қисми мансабдорони давлатӣ аз рафтори ӯ норозӣ буданд. Сипоҳиён  дар Бухоро гирд омада, ба хулосае омаданд, ки Фарҳодбийро аз ҳукмронӣ маҳрум намуда, Муҳаммадраҳимбийро ҳокими вилоят таъин кунанд.

Шӯриши соли 1714 бар зидди ҳокими нави Самарқанд Муҳаммадраҳимбий нигаронида шуда буд, ки ӯ дар зулму тааддӣ аз пешгузаштаи худ камӣ надошт. Абдурраҳмони Толеъ дар ҳаққи Муҳаммадраҳимбий ва ёрдамчии вай Султон Тӯқсабои кенагас навиштааст, ки онҳо ба оилаи аҳолии осоишта ҳар гуна зулму бедодгариро раво медонистанд. Дар бораи онҳо ба ҳукумати марказӣ  борҳо арзу шикоятҳо навишта шуда буд. Аҳолӣ ба танг омада шуриш карда ва Султон Туқсаборо аз Самарқанд ронд. Муҳаммадраҳимбий ба Бухоро гурехт.

Шуриши соли 1720. Фарҳодбии Аштархонӣ с. 1717 лашкари ҳокими навбатии Самарқанд Нодирбийро шикаст дода, шаҳрро забт намуд. Истисмори ваҳшиёна ва сиёсати ғоратгаронаи Фарҳодбий боз аз ҳад гузашт ва боиси норозигии навбатии мардуми Самарқанд гардид. Соли 1720 омма боз шуриш бардошт. Шуришгарон Фарҳодбийро аз сари ҳокимият дур карданд ва оқибат ӯ соли 1722 кушта шуд. Дар аҳди Аштархониён  пай дар пай шӯришҳои халқӣ руй медоданд. Аз набудани роҳбари ҳақиқӣ истифода будрда  феодалони ҷудогона ҷунбинҳо ва шӯришҳои халқиро баъзан ба мақсадҳои худ истифода мекарданд. Қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи Ш. халқи меҳнаткаш буд. Чунин шӯришҳо минбаъд боиси сар задани ошӯб ва ҷунбишҳои нави халқӣ дар Осиёи Миёна ва гушаву канори он гардида шуриши (с.1861 дар водии Зарафшон, шуриши халқии с.1885 дар Фарғона, шӯриши с.1843 туркманҳо дар Марв ва ғ.), дар дили синфи доро тарсу ҳарос меандохтанд. Ин Ш. барои аз зулму асорати феодалӣ раҳо ёфтан, бедоршавии маънавӣ ва худшиносии халқи мазлум аҳамияти калон доштан. Ад.: истории Самарканда с древнеших времён до великой октябрской социолитической революции .т.1 Ташкент. 1969; Гафуров Б. Г. Таджики древнейшая, древняя и средниковая история, М.1972.

У.Назиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …