Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАЙБОНӢ Лӯъбати Воло

ШАЙБОНӢ Лӯъбати Воло

ШАЙБОНӢ Лӯъбати Воло (тав. 1032, Теҳрон), шоираи эронӣ. Шеърҳои нахустинаш с-ҳои 50 дар матбуоти Эрон нашр шудаанд. Муаллифи маҷмҳои «Рақси ёдҳо» (1956), «Гусаста» (1957) ва достони «Вақте ки хурӯс мехонд» (1964) аст. Шайбонӣ ҳам бо қолаби шеъри классикӣ шеър гуфтааст ва ҳам ба «шеъри озод» пайравӣ кардааст. Дар эҷодиёташ бисёр масъалаҳои рӯзмарраи сиёсӣ ва иҷтимоии Эрон инъикос ёфтаанд. Шоира аз беҳуқуқии занон дар ҷамъияти истисморгарон сухан ронда, беадолатиҳои замонаро мазаммат кардааст. Шеърҳои Шайбонӣ дар тарҷумаи русӣ (мас. «Современная персидская лирика», М., 1961) ва ба ҳуруфоти имрўзаи тоҷикӣ (маҷм. «Амвоҷи Кору я», Д.,. 1973) ба табъ расидаанд.         Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …