Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Новокузнетск

Шаҳри Новокузнетск

Новокузнетск (собиқ Кузнетск, 1931—1932 — Новокузнетск, 1932—1961 — Сталинск), шаҳрест дар вилояти Кемеровои РСФСР. Дар ҳар ду соҳили дарёи Том воқеъ гаштааст. Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 541 ҳазор нафар (1979). Новокузнетск яке аз калонтарин марказҳои метал­лургия ва истеҳсоли ангишти СССР мебошад. Корхонаҳои калонтаринаш: Комбинати металлургии Кузнетск, Заводи ме­таллургии Сибири Ғарбӣ, завлдҳои алюминии ва оҳангудози, мошинсози, семент, конструксияҳои оҳану бетонӣ, химияю дорусозӣ, инчунин кор­хонаҳои саноати хӯрокворию сабук. Институтҳои металлургию педагогӣ, 10 техникуму омӯзишгоҳ, театрҳои дра­ма ва лухтак, музейҳо (илму техни­ка, кишваршиносӣ, геологӣ ва ғайра) дорад. Бунёдаш соли 1617. Шаҳр бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (1971) ва Револютсияи Октябр (1981) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …