Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нарва

Шаҳри Нарва

Нарва шаҳрест дар РСС Эст. Дар соҳили чапи дарёи Нарва, 14 км дуртар аз резишгоҳ воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 73 ҳазор нафар (1978). Соҳаҳои асосии саноат: энергетика, бофандагӣ, истехҳоли масолеҳи бинокорӣ. Саноати мошинсозӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Нарва яке аз корхонаҳои калонтариии матоъҳои пахтагии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ — Мануфактураи Кренголм воқеъ аст. 3аводҳои маснуоти оҳану бетонӣ, рехтагарию механикӣ, комбинати масолеҳи бинокорӣ, корхонаҳои са­ноати чӯбгарӣ ва хӯрокворӣ, техникуми политехникӣ, музеи таъриху кишваршиносӣ дорад. Ёдгориҳои меъмориаш ба асрҳои 13—17 млн субанд. Дар наздикии шаҳр ГРЭС-и Наздибалтика, ГРЭС-и Эстония бунёд гардидаанд, ки дар асоси варақсанги сӯзандаи маҳаллӣ кор меку­нанд. Нарва бори аввал соли 1171 дар солномаи Новгород зикр ёфтааст. Шаҳри Нарва бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд (1978).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …