Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САН-ХОСЕ

Шаҳри САН-ХОСЕ

САН-ХОСЕ, пойтахти Коста-Рика. Маркази асосии саноатӣ ва мадании мамлакат. Дар баландии 1165 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Аз Сан-Хосе шоссеи Панамерика мегузарад. Иқлимаш субэкваторӣ; ҳарорати миёнаи январи 18,5°Селсия, июл 20,8’Селсия; боришоти солона 1850 31метр. Серзилзила.

san-hose
Аҳолиаш зиёда аз 450 ҳазор нафар (1982). Тавассути роҳи оҳан бо бандарҳои Пунтаренас (уқёнуси Ором) ва Лимон (баҳри Кариб) робита дорад. Аз шаҳр то аэропорташ —24 километр. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, тамоку, бофандагӣ, коркарди металл дорад. Мар- кази ноқияи қаҳвапарварист. Дар Сан—Xосе университет (1843), Китобхонаи миллӣ, Музеи миллӣ, нигористон, театрҳо ва ғайра мавҷуданд.
Шаҳрро солҳои 1737—38 испанҳо бунёд кардаанд. Аз соли 1823— пойтахти Республикаи Коста-Рика.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …