Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САРШУМОР

САРШУМОР

САРШУМОР, Сарона, андози сарикасист, ки бори аввал дар аҳди муғулҳо ба сифати андози доимӣ ҷорӣ шуда буд. Он вақтҳо Саршумор «кунчур» ном дошта, аз ҳамаи аҳолӣ ситонда мешуд. Андозаи Саршумор вобаста ба сарвати шахси андоздиҳанда аз як то даҳ динор буд. Вало дар амал Саршумор мувофиқи даромад ситонида намешуд. Дар Хуросон аз ҳар 10 аҳолӣ 70 динорӣ меситонданд. Дар охири аҳди муғулҳо истилоҳи «кунчур» ба маънои андози сарикасӣ аз байн рафт ва дар маъхазҳои давраи Темуриён истилоҳи Саршумор ё «сарона» истифода шудааст.
Адабиёт: Р а ф у р о в Б. Ғ., Тоҷикон. Таърихи кадимтарин, қадим ва асри миёна, ҷилди 1, Душанбе, 1983; Кисляков Н. А., Пат- риархально-феодальные отношеним среди оседлого сельского населения Бухарского ханства в конце XIX— начала XX века, Москва — Ленинград, 1962. Ш. Юсуфов,

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …