Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРМАД Муҳаммадсаид

САРМАД Муҳаммадсаид

САРМАД Муҳаммадсаид (соли таваллуд номаълум — вафот 1658, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Яҳудӣ буд. Аввал дар Эрон зиндагӣ карда, баъд ба Деҳлӣ рафтааст. Муаллифи китоби «Дабистони мазоҳиб» аз муосирони ӯ буд ва меорад, ки Сармад дар хидмати мир Абулқосим ва Мулло Садро умури динӣ ёд мегирифт ва дар ҳузури оиҳо мусулмон шуд. Шоир боре рубоие навишта меъроҷи ҷисмонии Муҳаммади пайгамбарро инкор кард:
Он кас, ки сирри ҳақиқаташ бовар шуд,
Худ паҳнтар аз сипеҳри паҳновар дар шуд.
Мулло гӯяд, ки шуд Аҳмад, бар фалак, Сармад гӯяд: «Фалак ба Аҳмад дар шуд*.
Аврангзеб, ки ҳукмрони ҷоҳилу мутаассибе буд, аз ин кирдори шоир ва аз баъзе ақоиди даҳрии ӯ ба ғазаб омада, ӯро ба қатл ҳукм намуд. Байти зерини Сармад, ки як навъ эътирози шоир аз замона аст, ҳангоми қатл гуфта шудааст:
Шӯре шуду аз роҳи адам чашм кушудем,
Дидем, ки боқист шаби фитна, ғунудем.
Рубоиёти Сармад мазмунҳои баланди иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафӣ доранд. Маҷмӯаи рубоиёташ дар Ҳиндустон ба табъ расидааст. А. Ғаффоров.САРМАД Муҳаммадсаид (соли таваллуд номаълум — вафот 1658, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Яҳудӣ буд. Аввал дар Эрон зиндагӣ карда, баъд ба Деҳлӣ рафтааст. Муаллифи китоби «Дабистони мазоҳиб» аз муосирони ӯ буд ва меорад, ки Сармад дар хидмати мир Абулқосим ва Мулло Садро умури динӣ ёд мегирифт ва дар ҳузури оиҳо мусулмон шуд. Шоир боре рубоие навишта меъроҷи ҷисмонии Муҳаммади пайгамбарро инкор кард:
Он кас, ки сирри ҳақиқаташ бовар шуд,
Худ паҳнтар аз сипеҳри паҳновар дар шуд.
Мулло гӯяд, ки шуд Аҳмад, бар фалак, Сармад гӯяд: «Фалак ба Аҳмад дар шуд*.
Аврангзеб, ки ҳукмрони ҷоҳилу мутаассибе буд, аз ин кирдори шоир ва аз баъзе ақоиди даҳрии ӯ ба ғазаб омада, ӯро ба қатл ҳукм намуд. Байти зерини Сармад, ки як навъ эътирози шоир аз замона аст, ҳангоми қатл гуфта шудааст:
Шӯре шуду аз роҳи адам чашм кушудем,
Дидем, ки боқист шаби фитна, ғунудем.
Рубоиёти Сармад мазмунҳои баланди иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафӣ доранд. Маҷмӯаи рубоиёташ дар Ҳиндустон ба табъ расидааст. А. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …