Маълумоти охирин

САРКАБ

САРКАБ (550—612), сароянда ва бастакори номии аҳди Сосони- ён. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Систон омӯхтааст. Баъди камолот ба дарбори Хусрави Парвиз омада, роҳбарии гурӯҳи махсуси ақли мусиқиро ба зимма гирифтааст. Саркаб низ мисли Борбад, Саркаш, Озодвори Чангӣ, Гесуи Навогар дар санъати навозандагию сарояндагӣ маҳорати баланд дошта, суруду оҳангҳои зиёди мавсимӣ-маросимӣ эҷод кардааст. Санъати баланди навозандагии ӯро муаррихон Ҷоҳиз, Масъудӣ, шоирои Фирдавсӣ Фаррухии Систонӣ бо самимият ёд намудаанд. Фаррухӣ навиштааст:
Шоиронат чу Рӯдакиву Шаҳид,
Мутрибонат чу Саркашу Саркаб.
Аз таснифоти- машҳури мусиқӣ таронаву оҳангҳои «Сесам», «Варшон», «Саркаб», «Сандой», «Зангона», «Вочиквеҳ», «Картаринвеҳ» ва суруди машҳури мазҳабии давраи Сосонӣ «Маздаконӣ» ва ғайраро ба ӯ нисбат додаанд. Қисми зиёди таснифоти Саркаб дар маъхазҳои адабӣ-таърихӣ ва рисолаҳои мусиқӣ сабт шудааст, ки мусиқишиносони асрҳои баъдина ба он баҳои баланд додаднд. А.Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …