Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРГИНОБ

САРГИНОБ

САРГИНОБ, з а к, г а н д о б, ш ибари чорво, моеъест, ки асосан аз пешоби ҳайвонот, инчунин дар натиҷаи пӯсиши пору ҳосил мешавад. Нурии нитрогену калийдори пуртаъсир аст, Саргинобро дар саргинобғундораке, ки дар назди молхонаҳо ва порухонаҳо гузошта шудааст, ҷамъ мекунанд. Миқдори ғуншавии Саргиноб ба да- вомати дар молхона парвириш кардани ҳайвонот, шароити нигаҳдории пору ва ғайра вобаста аст. Аз як гов ҳангоми дар молхона парвариш кардан аз 0,5 то 2—3 тонна, аз як асп бошад, 2—3 баробар камтар Саргиноб мегиранд. Ба Саргиноб бисёр вақт ҳангоми тоза кардани молхонаҳо ё дар порухонаҳои болокушод об ҳамроҳ ме- шавад. Бинобар ин дар он моддаҳои барои зироат зарур назар ба пешоби ҳайвонот камтар аст.
Саргинобро ҳамчун нурии асосӣ ва барои ғизодиҳии иловагӣ, инчунин барои тайёр кардани компост истифода мебаранд. Онро ҳамчун нурии асосӣ дар 1 гектар аз 10 то 30 тонна ва ба сифати ғизои иловагӣ ба кишти сабзавот, зироатҳои техникӣ ва ғалладона 3—10 тонна/гектар, марғзор ва чарогоҳ 7—10 тонна/гектар мерезанд. Барои ғизодиҳии иловагии кишти яклухти зироат ба Саргиноб 2—3 баро- бар об илова мекунанд, ки ин барои ба киштзор баробар тақсим шудани нурӣ, талафоти ками нитроген ва бартараф кардани хатари осебёбии зироат мусоидат мекунад. 1 тонна Саргиноб ҳосили ғалларо андаряк 1 тонна Саргиноб зиёд мекунад. Истифодаи якҷояи Саргиноб бо суперфосфат самарабахш аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …