Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ВОТЧИНӢ

САНОАТИ ВОТЧИНӢ

САНОАТИ ВОТЧИНӢ, саноатест, ки бо меҳнати маҷбурии деҳқонони помешикони Россия кор мекард. Саноати вотчинӣ дар асрҳои 11—12 дар шакли истеҳсолоти хурд — косибии вотчинӣ ба вуҷуд омадааст. Минбаъд Саноати вотчинии калон дар шакли кооперасияҳои оддӣ ва манифактураҳо тараққӣ кард, Аввали солҳои 60 асри 18 қариб нисфи корхонаҳои истеҳсоли моҳут (34 аз 73), чоряки заводҳои шиша ва асбобҳои булӯрии (6 аз 25), шашяки мануфактураҳои катон (14 аз 84) дар дасти помешикон буд. Маҳсуло-ти Саноати вотчинӣ асосан ба хазинаи давлат (катон барои бодбони киштиҳо, моҳут барои армия, май ба магазинҳои давлатӣ мерафт ва қисмап ба бозор бароварда мешуд. Дар баъзе корхонаҳои Саноати вотчинии онвақта то 2—3 ҳазор коргар кор мекард. Помешикон дар корхонаҳо деҳқонони хусусӣ, як қисми деҳқононии аз замин маҳрумшударо кор мефармуданд. Аз меҳнати озоди кироя низ дар корхонаҳои Саноати вотчинӣ истифода мебурданд. Дар нимаи аввали асри 19 баробари тараққии капитализм Саноати вотчинӣ таназзул ёфт ва баъди бекор шудани ҳуқуқи крепостноӣ (1801) Саноати вотчинӣ барҳам хӯрд.
Адабиёт: История Союза Советских Социалистических Республик СССР с древнейших времён до нашых дней, серия 1, том 3. Москва 1967.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …