Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНЪАТИЗОДАИ КИРМОНӢ Абдулҳусайн

САНЪАТИЗОДАИ КИРМОНӢ Абдулҳусайн

САНЪАТИЗОДАИ КИРМОНӢ Абдулҳусайн (1885, Кирмон—12. 9. 1973, Париж), нависандан эронӣ. Падараш хоҷа Алиакбари Санъатӣ марди озодихоҳ буд. Санъатизодаи Кирмонӣ дар мадраса таҳсил кардааст. Аз 12-солагӣ дар дӯкони атторӣ шогирд истод. Пас ба Теҳрон рафт ва он ҷо дӯкони китоб кушод. Санъатизодаи Кирмонӣ муаллифи романҳои таърихӣ ва повестҳои саргузаштист. Аввалин романи ӯ «Домгустарон ё интиқомхоҳони Маздак» (қисми 1, 1920, нашри пурра 1925—26) дар мавзӯи таърихи пешазисломии Эрон эҷод шудааст. Повести «Достони Монии Наққош» (1927) ва романи «Силаҳшӯр» (1934) низ ба мавзӯи таърихӣ (давраи Сосониён) оиданд. Охирин романи таърихии ӯ «Нодир — фотеҳи Деҳлӣ» (1956—57) аз ҳаёту фаъолияти Нодиршоҳи Афшор (асри 18) ҳикоят мекунад. Чигунагии зиндагии одамон дар давраи инкишофи пуравҷи илму техника мавзӯи асосии повести иҷтимоию тахайюлии Санъатизодаи Кирмонӣ «Маҷлиси девонагон» мебошад. Достони ӯ «Рустам дар қарни XX» ба шакли «Шоҳнома» навишта шуда, танқиди сахти ҷамъияти феодалии Эронро дар бар мегирад. Соли 1970 қисми аввали ёддоштҳои Санъатизодаи Кирмонӣ «Рӯзгоре, ки гузашт» ба табъ расид. Санъатизодаи Кирмонӣ нависандаи пешқадам ва тараққихоқ буда, ҳамеша барои озодии халқаш мубориза бурдааст. Ӯ яке аз саро- мадони жанри таърихӣ дар насри муосири Эрон мебошад.
Адабиёт: К о р о г л ы х., Современная персидская литература, Москва, 1965.
Ғ. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …