Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНҶОБҲО

САНҶОБҲО

САНҶОБҲО, с и н ҷ о б, як ҷинси ширхӯрҳоро гӯянд, ки ба қатори хояндаҳо мансубанд. Қариб 50 намудашон дар ковокии дарахтони бешазорҳои Европа, Осиё, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Дарозии тапашон то 28 сантиметр. Мӯинаашон одатан зич аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 2 намудашон (Санҷобҳои муқаррарӣ ва Санҷобҳои форсӣ) вомехӯрад. Санҷобҳои муқаррарӣ дар зонашои беша, бешатундра паҳн шудаанд. Тухми растаниҳои сӯзанбарг, ҷалғӯза, мева ва баъзан ҳашароту тухми паррандаҳоро мехӯранд.

sanjob

Дар ковокии дарахтҳо аз ушна, гулсанг ва шохчаи растаниҳои дигар лона (гайна) месозанд. Соле 2 (баъзан 3) ма- ротиба афзоиш мекунанд (ҳар дафъа 5—10 тогӣ бача мезоянд). Саршумори Санҷобҳои муқаррарӣ ба ҳосилнокии растаниҳои сӯзанбарг вобаста аст. Солҳое, ки тухми растаниҳои сӯзанбарг кам мешавад, онҳо ба ҷойҳои дигар мекӯчанд. Санҷобҳои муқаррарӣ чун ҷонвари мӯинадеҳ аҳамияти саноатӣ дорад. Санҷобҳои ф о р с ӣ дар бешазори Закавказия зиндагӣ мекунад. Саршуморашон хеле кам буда, мӯинаашов дурушт аст. Бинобар ин аҳамияти саноатӣ надоранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …