Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМСОНОВ Александр Михаилович

САМСОНОВ Александр Михаилович

САМСОНОВ Александр Михаилович (таваллудаш 8. 1. 1908, Нижиин Новгород, ҳозира шаҳри Горкий), муаррихи советӣ, акад. АФ СССР (1981; аъзо- корр., 1964). Аъзои КПСС аз соли 1943. Солт 1931 Институти таъриху Лингвистикаи Ленинградро хатм кардааст. Доктори илмҳои таърих (1961), профессор (1980). Солҳои 1932—1938 дар Ленинград муаллимӣ кардааст. Солҳои 1938—1939 ходими хурди илмии Музейи таърихи дин ва атеизми АФ СССР (Ленинград). Солҳои 1939—1940 ва 1943—1946 дар сафҳои Армияи Советӣ. Солҳои 1948—1951 котиби илмии Институти таърихи АФ СССР. Солҳои 1951—1961 котиби илмии Совети таҳририю нашрии АФ СССР. Солҳои 1961—1970 директори Нашриёти АФ СССР (ҳозира нашриёти «Наука »-и АФ СССР). Аз соли 1970 ходими калони илмии Институти таърихи СССР-и АФ СССР, сармуҳаррири журнали «Исторические записки» («Қайдҳои таърихӣ»). Асарҳои муҳимтаринаш ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) оиданд. Бо 3 орден, инчунин медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …