Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САҚОФӢ Исо ибни Умар

САҚОФӢ Исо ибни Умар

САҚОФӢ Исо ибни Умар (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 766), забоншиноси араб, асосгузори мактаби грамматики (наҳвшиносӣ)-и Басра. Аз аҳли қабилаи Банӣ Сақаф (тахаллусаш аз номи ҳамин қабила аст). Осори Сақофӣ то замони мо боқӣ намондааст. Аз ишороти шогирдонаш Халил ибни Аҳмад, Сибавайҳ бармеояд, ки Сақофӣ муаллифи ду асар: 1) «Ал-Ҷомеъ» (ҷамъи қоидаҳои наҳви забони арабӣ); 2) «Ал-Икмол» («Пуркунанда») будааст. Сақофӣ кӯшидааст қонуну қоидаҳои забони арабиро ба низоми муаӣян дароварад. Дар «Ал-Ҷомеъ»-и Сақофӣ бори аввал дар бораи мафҳуми лаҳҷа ва калимаву мафҳумҳои ба қоидаҳои забони адабии арабӣ номувофиқ сухан рафтааст. Сақофӣ яке аз намояндагони «қироати сабъа» (ҳафт навъи тиловати Қуръон) буд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …