Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФУЛЛОЕВ Атахон

САЙФУЛЛОЕВ Атахон

САЙФУЛЛОЕВ Атахон ( таваллудаш 1. 5. 1933, Хуҷанд, ҳозира шаҳри Ленинобод), муннақид ва адабиёшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1979),
Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1983). Аз оилаи хпзматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1962. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1954). Ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АФ РОС Тоҷикистон, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Ленинобод буд. Солҳои 1968—1973 котиби Правленияи ИН Тоҷикистон, 1973—1974 докторанти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС, 1975—1985 сармуҳаррири ЭСТ; аз соли 1985 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон.
Зиёда аз 500 асари илмӣ, оммавӣ, аз он ҷумла, монографияи «Романи устод Садриддин Айнӣ «Дохунда» (1966), «Мактаби Айнӣ» (1978), «Мирзо Турсунзода» (1983) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар китобҳои «Ақидаҳои адабии Ленин ва адабиёти тоҷик Сайфуддини Деҳлавӣ (1973), «Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо» (1975) масъалаҳои партиявият ва халқияти
адабиёт ва робитаҳои адабӣ баррасӣ шудаанд. Яке аз муаллифони китобҳои шашҷилда ва дуҷилдаи «Таърихи адабиёти советии тоҷик» мебошад. Аз соли 1963 узви ИН СССР.
Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» ва Грамотаҳои Президиумии Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
А. Абдуманонов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …