Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САҲОИИ БУХОРОӢ

САҲОИИ БУХОРОӢ

САҲОИИ БУХОРОӢ  Назармуҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Аз оилаи заргар. Саҳоии Бухороӣ аз хурдӣ шуғли падарашро омӯхта, баробари шеъргӯӣ заргарӣ ҳам мекардааст. Аз ин рӯ, дар ашъори ӯ орзую умеди ҳунармандони шаҳр бештар инъикос ёфтааст. Саҳоӣ дар шеърҳояш ба зиндагӣ аз дидгоҳи табақаи поёни иҷтимоӣ баҳо медиҳад. Ин рубоӣ намунаи осори ӯст:

Дар базм чу наззораат оғоз кунам,

Беҳуш аз он лаъли фусунсоз кунам.

Дар хоб агар дароӣ, аз нашъаи завқ

То ҳашр куҷо дидаи худ боз кунам.

У. Каримов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …