Маълумоти охирин

РОСАН

РОСАН, расан 1) занҷабили ш о м ӣ, росани шомӣ, тундак, хрен (Armoracia rusticana), гиёҳи бисёрсолаест aз оилаи чилликгулҳо дар шароити зироат — гиёҳи як ё дусола. Пояаш рост, аз 50 то 160 см қад мекашад. Барги бехи пояаш калони паршакл (дарозиаш 30—60 см, бараш 10—15 см), гулаш майдаи сафед, ғилофакаш гирдаи дупалла (паллааш 4— тухма). Pосани худрӯй дар кишварҳои Европа мерӯяд. Дар Кавказ ва Сибир Pосани кишта дар баъзе ноҳияҳо худрӯй шудааст. Дар ҷойҳои сернам ва соҳили дарёҳо месабзад. Май — июл гул мекунад.

armoraciarust_pl

Росан чун гиёҳи нуқлӣ ва тавобил дар асри 1 мелодӣ маъмул буд. Ҳоло онро дар бисёр мамлакатҳои дунё — Ҳиндустон, Америка, СССР (вилоятҳои Ярослав, Иванов) ва ғайра мекоранд. Росан чун сабзавот ва зубуда махсусан дар кишварҳои Осиё, баҳри Миёназамин ва Европа маъмул аст. Росанро аз қаламча (дарозиаш 10—15 см) мерӯёнанд. Қаламчаро аввали баҳор ё тирамоҳ (байни қаторҳо 60—70 см, байни ниҳолҳо 25—30 см) мешинонаяд. Дар замини сернам ва серпору хуб месабзад. Бехашро сентябр-октябр меғундоранд. Аз ҳар га росанзор 100—300 с ҳосил мегиранд. Бехи Росан ғафс, сермағз аст. Онро хом ё ҷӯшонда бо таом истеъмол мекунанд. Бехи тари Росан бӯй ва таъми тунди хосе дорад. Шакидаи бехи тар ва хушки Росан таомро хушбӯю хуштаъм мекунад. Баргашро ҳам ҳангоми консервонӣ ва очоронии бодиринг, помидор, занбӯруғ ва ғайра истифода мобаранд.
Росан гиёҳи доруӣ аст. Дар тибби халқӣ бо бехи Росан касалиҳои обхӯра (истисқо), пайвандак (ревматизм), саратон, зангила, мафосилро табобат мекунанд. Шакидаи бехаш (як чойчумчааш бо асал) омили иштиҳоовар (мушаҳҳӣ) аст. Ғайр аз ин, аз шакидаи он марҳам сохта ҳангоми радикулит ба миёи мебанданд. Росан хусусияти хуби фитонтсидӣ до¬рад. Бактерияҳои касалиангезро нобуд мекунад. Шакидаи Росан хусусияти фитонтсидии худро то 20 рӯз нигоҳ медорад. Бехи Росан 100—171 мг% витамини С, каротин, витаминҳои гурӯҳи В, ангиштоб, равғани эфир, намакҳои минералӣ (асосан Са, К, Р), гликозидиси ширин, ферменти мирозин, пайвастҳои сулфурдор, баргаш 526 мг% витамини С, ширааш моддаи лизотсим ва витамини С (0,25%) дорад; 2) алонийун (Inula helenium), гиёҳи бисёрсола¬ест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, пашмакдор, 60—250 см қад мекашад, баргаш калон (дарозиаш то 50 см, бараш 25 см), сабадакаш (диаметраш 6—8 см) аз гулҳои зарди забончашакл (канорӣ) ва найчашакл (мобайнӣ) иборат аст, донакаш майда аст (дароаиаш 3—5 мм; вазни 1000-тоаш 1—1,5 г). Моҳҳои июн —сентбр гул мекунад. Дар лаби ҷӯбор, соҳили дарёҳо, марғзори серрутубат ва минтақаи бешазори қисми европоии СССР, Кавказ, Сибири Ғарбӣ, Қазоқистон ва Осиёи Миёна мерӯяд.
Росан чун гиёҳи шифобахш аз қади- мулайём маъмул аст. Табибони қадими Тибет, Ҳиндустон ва Хитой онро барои табобати касалиҳои гуногун истифода мебурданд. Абӯалии Сино Росанро ҳавои ба дил қуввабахшанда ҳисобидааст. Росан дар тибби халқҳои туногун хеле машҳур мебошад. Решаву решапояи он¬ро барои муолиҷаи иллати узвҳои ҳозима, сили устухон, пайвандак, зардпарвин, обхӯра, бавосир, қабзияти роҳи нафас ва ғайра тавсия ме¬диҳанд. Дар тибби муосир решаи Росан (Radix Inulae)-po, ки аввали баҳор ё тирамоҳ мекобанд, ҳангоми қабзияту сили шуш чун доруи балғамовар, инчунин талхаву пешоброн истифода мебаранд. Як истакон ҷӯшоби решаи Росанро (1 чумчагӣ, рӯзе 3—4 бор) чун давои балғамовар менӯшанд. Доруи «энулеи»-ро низ (30 —40-қатрагӣ, рӯзе 3—4 бор) бо ҳамин мақсад истифода мебаранд. Бо Росан ил¬лати меъдаву руда ва касалиҳои пӯст (масалан, қубо)-ро ҳам муолиҷа мекунанд. Решаи Росан 1—3% равғани эфир (алантолактон, изоалантолактон, дигидроалаптолактон, алантон, пироазулен), то 40—50% инулин ва ғайра дорад.
Ад.: М и н а е в а В. Г., Лекарствен¬ные растения Сибири, Новосибирск, 1970; Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; В е х о в В. Н., Губанов И. А., Л е б е д е в а Г. Ф., Культурные растения СССР М., 1978. М. Ҳоҷиматов. С. Бобохоҷаева.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …