Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОМАНОВҲО

РОМАНОВҲО

РОМАНОВҲО, авлоди боярҳо, аз солт 1613—сулолаи подшоҳон ва аз 1721— сулолаи императорони Рос¬сия, ки то феврали 1917 ҳукм рондааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳо аҷдоди маълуми Романовҳо Андрей Иванович Ко¬била, боярини князҳои Москваи миёнаи асри 14 буд. Аҷдоди Романовҳоро то ибтидои асри 16. Кошкинҳо, баъд Захаринҳо меномиданд. Дар сеяки дуюми асри 16 ба духтари Роман Юревич — Анастасия (вафоташ 1560) хонадор шудани Иванн IV боиси нуфуз пайдо кардани Захаринҳо гардид. Саравлоди Романовҳо писари сеюми Роман-Ни¬кита Романович (вафоташ 1586) ҳисоб меёбад, ки ӯ аз соли 1962 боярин буда, дар ҷанги Ливон ва бисёр гуфтушунидҳои дипломатӣ фаъолона иштирок кардааст; баъди вафоти Ивани IV сардори шӯрои ноибсалтанат буд. Аз писарони ӯ машҳуртаринашон Фёдор (ниг. Филарет) ва Иван (вафоташ 1640) буданд. Иван аз соли 1605 боярин ва ба ҳайати ҳу¬кумати ба ном «Ҳафтбояринҳо» дохил буд. Соли 1598 баъди вафоти подшоз Фёдор Иванович, сулолаи Рюрикҳо барҳам хӯрд. Дар давраи тайёри ба интихоби подшоҳи нав, Фёдор Никитич чун номзади тахту тоҷ ном бурда мешуд. Дар аҳди Бо¬рис Годунов Романовҳо ба шаҳрҳои гуногуни аз Москва дур бадаға карда шуданд. Фёдорро бошад, роҳиб карда, Филарет ном доданд. Романовҳо дар аҳди Қалбакидмитрии I аз нав нуфуз пайдо мекунанд. Қалбакидмитрии II Филаретро патриархи калисои рус эълон кард.
Собори земство соли 1613 Михаил Фё¬дорович (писари Филарет)-ро подшоҳ интихоб кард, ки ӯ то соли 1645 ҳукм ронд, Баъди Михаил Фёдоро¬вич писараш — Алексей Михайло¬вич соҳиби тахту тоҷ шуд (1645— 1676). Вориси ӯ -Фёдор Алексеевич солҳои 1676—1682 ҳукм ронд. Соли 1682 ба сари ҳокимият Петри I Кабир омада, ислоҳоти бисёре гузаронид; сиёсати берунии ӯ бошад, Россия ро ба яке давлатҳои тавонои Европа табдил дод. Соли 1721 Россия империя эълон шуда, Пётри I аввалин императори он гардид. Императору маликаҳое, ки баъди вафоти Пётри I ҳукуматдорӣ кардаанд, инҳоанд: ҳамсари ӯ — Екатеринаи I (1725—1727), Пётри II (1727—1730), Анна Ивановна (1730—1740), Елизавета Петровна (1741 —1761), Пётри III (1761—1762), Екате¬ринаи II (1762—1796), Павели I (1796 —1801), Александри I (1801—1825), Николаи (1825—1855), Александри II (1655—1681), Александри III (1681— 1694), Николаи II (1894—1917).
Июли 1918 мувофиқи қарори Совети вилояти Урал Николаи II ва аҳли оилаи ӯ парронда шуданд. Баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр бисёре аз Романовҳо ба хориҷа гурехтанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …