Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЛЛАН Ромен

РОЛЛАН Ромен

РОЛЛАН (Holland) Ромен (29. 1. I860, Кламси — 30. 12. 1944, Везде), нависандаи франсавӣ, ходими ҷамъиятӣ, олими мусиқишинос. Аз оилаи нотариус. Маълумоти гуманитариро дар Мактаби олии нормалии Париж гирифтааст. Профессори курси таърихи мусиқии Мактаби нормалӣ (аз соли 1897) ва Университети Сорбонна (1902—1912) буд. Ҳанӯз аз аввалин драмаҳояш «Людовики авлиё» (1897), «Аэрт» (1898) хусусиятҳои эҷодиёти Роллан— гузориши масъалаҳои тезутунди ахлоқӣ, рағбат ба характерҳои фаъолу қаҳрамон — намоён мегардад. Роллан санъати гуманистӣ (силсилаи драмаҳои «Фоҷиаи эътиқод», 1897— 98, «Драмаҳои револютсия», 1898— 1902,. маҷмӯаи мақолаҳои «Театри халқӣ», 1903), қавирӯҳию қаҳрамонии арбобони ҷамъиятӣ ва санъатваронро («Микеланджело», 1907; «Ҳаёти Бетховен», 1903; «Ҳаёти Толстой», 1911) ба таназзули маданияти буржуазӣ дар шароити пурқувват шудани таҷовузи империалистӣ муқобил гузоштааст. Дар романи «Жан-Кристоф» (10 ҷ., 1904 —12) Роллан манзараи таназзули маданияти маънавии Европаро дар дав¬раи гузариш ба империализм тасвир кардааст. Дар симои қаҳрамони ин асар — композитори немис лаҳзаҳои характер ва тарҷумаи ҳоли Бетховен ва Л. Толстой таҷассум ёфтааст. Роллан дар образи қаҳрамони халқ («Кола Брюнон», 1918) ҷанбаҳои халқии инсонпарварӣ ва меҳнатдӯстиро нишон додааст. Ақидаҳои зиддиҷангии Роллан ба тарзҳои гуногун дар ҳаҷвияи драмавии «Лилюли» (1919) ва повести лирикии «Пер ва Люс» (1920; тарҷ. тоҷ. 1961) ифо¬да ёфтаанд. Романи «Дили мафтун» (1922—1933) такомули ғоявии Ролланро (аз патсифизм ба коммунизм) инъикос мекунад; фаслҳои охирини роман («Марги як дунё», 1933) аз хаёлоти индивидуалистӣ тамоман даст кашидани ӯро нишон медиҳанд. Соли 1931 дар асари «Падруд бо гузашта» Роллан ба ҳимояи револютсияи пролетарӣ бархост. Соли 1932 китоби «Дар муҳофизати дунёи нав» (дар бораи СССР), соли 1934 «Ле-нин, санъат ва амалиёт» ном асарҳои Роллан чоп шуданд. Роллан доир ба мусиқии гузашта ва ҳозира як қатор тадқиқоти таърихӣ ва очеркҳои ба¬деӣ дорад. Беҳтарини онҳо:. «Бет¬ховен. Давраҳои бузурги эҷодӣ» (силсилаи китобҳо, 1928—1948), «Гё¬те ва Бетховен» (1931). Роллан ҳамроҳи А. Барбюс ташаббускори Конгресси зиддиҷангии Амстердам (1932) буд. Ба эҷодиёти Роллан дӯстӣ бо М. Горкий таъсири калон расонд. Роллан бо Абулқосим Лоҳутӣ мукотибаи дӯстона дошт. Солҳои 30 дар матбуоти даврии тоҷик чанде аз мақолаву мактубҳои Роллан ва порчае аз романи «Жан Кристоф» ба табъ расидаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …