Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИСҚУЛОВ Турар Рисқулович

РИСҚУЛОВ Турар Рисқулович

РИСҚУЛОВ Турар Рисқулович (26. 12. 1894—10. 2. 1938), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи чорводори кӯчманчии волости Талғари шарқии усади Верний, ҳоло вилояти Олмаато. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1917. Барои иштирок дар Шӯриши соли 1916 дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон ҳабс карда шуд. Иштирок- чии Револютсияи Октябри 1917 дар Туркистон ва Қирғизистон. Солҳои 1919—20 комиссари халқии тандурустӣ, раиси Комитети Иҷроияи Марказиии Республикаи Автономии Сосетии Сотсиалистии Туркистон; дар баробари ин раиси бюрои кишварии ташкилотҳои коммунистии мусулмонон, аъзои президиуми Комитети кишварии туркистонии РКП(б). Вакили Съезди 1-уми халқҳои Шарқ (1920), аъзои бюрои съезд. Солҳои 1921—22 . ҷонишини комиссари халқии миллатҳои Российская Соцалистическая Федеративная Советская Республика РСФСР. С-ҳои 1922 —24 раиси Совети Комиссарони Хал- қи Республикаи Автономии Сосетии Сотсиалистии Туркистон;, аъзои Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП(б). Солҳои 1924—25 ҷонишини мудири Шӯъбаи шарқии Коминтерн, намояндаи Ко- минтерн дар Муғулистон. Дар фаъолияти худ ба хатоҳои майлончигии миллӣ роҳ додааст. Солҳои 1926—27 ҷонишини раиси Совети Комиссарони Халқи Российская Советская Федеративная Советская Республика РСФСР. Вакили съездҳои 12, 15—17 партия; дар съезди 12 номзад ба аъзоии Комитети Марказ интихоб гардид. Аъзои Комитети Иыроияи Марказии Умумироссия буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …