Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕЗИШГОҲ

РЕЗИШГОҲ

rezishgoh

РЕЗИШГОҲ, ҷои ба баҳр, кӯл ва дарёи дигар рехтани оби ягон наҳр. Ҷои дар биёбони регзор барҳам хӯрдани дарёро низ Резишгоҳ меноманд. Резишгоҳ  якчанд  хел аст: Резишгоҳи о д д ӣ — маҷрои дарё дар резишгоҳи худ ба шохаю обравҳо тақсим намешавад (масалан, дарёи Тибр);  д е л  т а — маҷрои дарё дар назди резишгоҳ ба шохаҳо ва обраву обгузарҳо тақсим мешавад (дарёи Волга); эстуарий — резишгоҳи қифшакле, ки ба тарафи баҳр васеъ шуда меравад (дарёи Темза); Резишгоҳи   л и м а н ӣ — Резишгоҳи васеи ха-лиҷмонанд, ки дар натиҷаи зери оби баҳр мондани водии дарё ҳосил шудааст (дарёи Буғи Ҷанубӣ); Резишгоҳ и муаллақ — ба шохоби дарёҳои кӯҳӣ хос аст (ба шарте, ки Резишгоҳи дарёи кӯҳӣ нисбат ба дарёи асосӣ баландтар бошад); Резишгоҳи саргум — ба он дарёҳое мансуб аст, ки то баҳр ё кӯл нарасида, дар дашту биёбонҳо барҳам мехӯранд. Аксари бандарҳои калонро дар Резишгоҳ месозанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …