Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «РЕСПУБЛИКАИ ЧИТА»

«РЕСПУБЛИКАИ ЧИТА»

«РЕСПУБЛИКАИ ЧИТА», диктатураи револютсионӣ-демократии коргарон ва деҳқонон, ки декабри 1905— январи 1906 дар натиҷаи аз тарафи Комитети РСДРП-и Чита ва Совети депутатҳои солдатҳо ва казакҳо ба даст овардани Хокимияти шаҳр барпо карда шуд. Августи 1905 коргарони устохонаҳои роҳи оҳан ва депо бо роҳбарии болшевикон дружинаи мусаллаҳ ташкил карданд, ки он дар вақти Корпартоии сиёсии умумироссиягии октябри 1905 то ба 2 ҳазор кас афзуд. Аз 15 октябри мусаллаҳшавии оммавии коргарон сар шуд; шумораи дружинаи коргарон бо роҳбарии А. А. Костюшко-Волюжанич ба 4 ҳазор кас расид. 22 ноябри бо таклифи болшевикон Совети депутатҳои солдатҳо ва казакҳо ташкил карда шуд. 24 ноябри маҳбусони сиёсии ҳабсхонаҳои Чита ва баъд Акатуй озод карда шуданд. Моҳи декабр алоқаи почта — телеграф зери назорат гирифта шуда, дар муассисаҳои роҳи оҳан ва савдо рӯзи кори 8-соата муқар-рар гардид, фаъолияти идораҳои ҳукуматӣ қариб пурра қатъ шуд. Ҳокимият дар амал ба дасти Комитети РСДРП-и Чита, Совети депу-татҳои солдатҳо ва казакҳо гузашт; аз 7 декабри дар шаҳр нашри газетаи болшевикии «Забайкальский рабочий» зери таҳрири В. К. Курнатовский оғоз ёфт, ки он дар муттаҳидшавии қувваҳои револютсионии Забайкалия роли муҳим бозид. Баъди торумори Шӯриши декабрӣ дар Москва ва райони Маркази ҳукумати подшоҳӣ ба Сибир экспедитсияҳои ҷазодиҳанда фиристод. Ба тарафи Чита аз Ш. отряди генерал П. К. Ренненкампф, аз Ғ-отряди генерал А. Н. Меллер-Закомелский равона шуд. Аз сабаби бартарии қӯшунҳои ҳукуматӣ Комитети РСДРП-и Чита қарор кард, ки аз муқобилат даст кашида шавад. 22. январи 1906 қӯшуни Ренпенкампф Читаро ишғол намуд. Ҷазодиҳии коргарон, солдатҳои револютсионӣ ва казакҳо сар шуд. Дар байни паррондашудагон бисёр болшевикон (И. Б. Бабушкин, А. А. Костюшко-Волюжанич, А. И. Попов ва дигар) буданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …