Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶАБОВ Мӯсо

РАҶАБОВ Мӯсо

РАҶАБОВ Мӯсо (20. 3. 1918, деҳаи Дарвозаи Калони Бухоро), файласуф, ходими партиявӣ ва советии тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1971, профессор 1972). Аз оилаи косиб. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1941. Раҷабов соли 1939 Институти давлатии педагогии шаҳри Бухороро хатм карда, солҳои 1939—46 дар сафи Армияи Советӣ ва 1946—53 дар органҳои партиявӣ хизмат кардааст. Солҳои 1948—55 аъзои Комитети Марказии- Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 3 ва 4), Ректори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, котиби дуюми Комитети партиявии шаҳри Сталинобод, Мудири шӯъбаи адабиёти  бадеӣ ва санъати Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Солҳои 11953—55 Вазири маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз 1955 инҷониб ба кори педагогӣ машғул аст. Мудири кафедраи марксизм-ленинизми Институти давлатии педагоии Душанбе (1955—60), аз соли 1960 про-ректор оид ба корҳои илмии институти номбурда. Ба қалами Раҷабов зиёда аз 50 асари илмию тадқиқотӣ тааллуқ дорад. Раҷабов ҷонишини раиси шӯъбаи тоҷикистонии ҷамъияти дӯсти робитаи Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Ҳиедустон, аъзон қайати таҳрарияи ж. «Коммунисти Тоҷикистои» мебошад. Бо ду орде-ни Байрақи Сурхи Меҳнат, ордепи «Нишони Фахрй» ва якчанд медалъ-ҳо мукофотонида шудааст.

Ас.:       Мировоззрение Убайда Закони, Сталинабад, 1958; Абдуррахман Джами и таджикская философия XV века, Душанбе, 1968; Фирдоуси и современность, Душанбе, 1976.             Ҳ. Ҳамроев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …