Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАГДАВОНИИ БАРГ

РАГДАВОНИИ БАРГ

РАГДАВОНИИ БАРГ, нерватсияи барг, хусусияти тақсимшавии рагҳо дар барг. Рагдавонии барг яке аломатҳои морфологии сохти барг буда, ҳангоми аз рӯи сохти барг муайян намудани растанӣ роли муҳим мебозад. Якчанд типҳои Рагдавонии барг маълуманд: дихотомӣ (дар аксари сарахсҳо), мувозӣ (дар аксари растаниҳои якпаллаӣ — гандум, сулӣ, ҷавдор ва ғайра), камоншакл (дар баъзе растаниҳои якпаллаӣ — лола, ливондар ва ғайра), пармонанди мувозӣ (дар аксари растаниҳои дупаллаӣ ва баъзе растаниҳои якпаллаӣ, карнайгул ва ғайра), парм о н а н д (ҳулбу, ангури сагак ва ғайра) панҷашакл (ордак, чакамуғ ва ғайра). Сохти рагҳои калон ва хурд гуногун аст.         а. л. Ашӯров.

barg

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …