Маълумоти охирин

РАДИФ

РАДИФ (арабӣ касе, ки дар як асп аз паси каси дигар менишинад), дар илми қофия ҳиҷо, калима ё ибораеро гӯянд, ки дар охири мисраъҳо баъд аз қофия такрор мешавад. Масалан, дар ин шоъри Рӯдакӣ «мардӣ» Радиф аст;

Гар бар сари нафси худ ямирӣ, мардӣ,

Бар қӯру кар ар нуқта нагири, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Радиф дар эҷодиёти шоирони гузаштаи форс-тоҷик, махсусан дар ғазал бисёр истеъмол гардидааст. Адабиётшиносон шеъри «мураддаф» — радифзорро хушоянду муассир гуфта, дар шеър овардани Pадифро ҳунари шоирӣ донистаанд. Радиф дар назми имрӯзаи тоҷик низ мустаъмал аст.

Ад.: С и р у с Б., Қофия дар назми то­ҷик сталинобод, 1955.

С. Давронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …