Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Газетаи «РАБОЧИЙ ПУТЬ»

Газетаи «РАБОЧИЙ ПУТЬ»

«РАБОЧИЙ ПУТЬ», газетаи ҳаррӯзаи легалии органи КМ РСДРП (б) г яке аз номҳои газета «Правда», ки аз тарафи Ҳукумати муваққатии бур­жуазӣ таъқиб карда мешуд; аз 16 сентябри то 8 октябри 1917 дар матбааи «Труд»-и Петроград нашр гардид. 46 шумора нашр гардид; адади нашр бештар аз 100 ҳазор нусха. Ба редак­сия В. Володарский, Г. Я. Соколни­ков, И. В. Сталин ва дигарон дохил мешуданд. Дар газета 9 мақолаи В. И. Ленин дарҷ гардида буд. 6 ноябр Ҳукумати муваққатӣ дар бораи қатъ намудани нашри «Рабочий путь» фармон дод, отряди юнкёрҳо ба матова ҳуҳуми мусаллаҳона карда онро гирифтанд. Бо қарори КМ РСДРП (б) ва бо фармони Комитети Ҳарбии револютсионӣ гвардиячиёии сурх ва аскарони револютсионӣ юнкёрҳоро аз матбаа ронданд. Як шумораи «Рабочий путь» бо даъвати сарнагун сохтани Ҳукумати муваққатӣ баромад. Дар № 46 даъвати Левин «Ба гражданинҳои Россия» дар бораи ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр чоп шуд. Аз 9 ноябр газета бо номи пештарааш «Прав­да» нашр шудан гирифт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …