Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Давлати ҚАТАР

Давлати ҚАТАР

ҚАТАР давлати Қатар, дар Осиёи Ҷан- Ғарбӣ, дар нимҷаз. Қатар (шим. шарқи ним ҷаз. Арабистон); онро хал. Форс иҳота кардааст. Масоҳ. 11,3 ҳаз. км. Аҳолиаш 300 ҳаз. наф. (1985), асосан арабҳо. Аҳолии шаҳрӣ 70%. Дини ҳукмрон — ислом. Забони расмӣ — арабӣ. Пойтахташ ш. Доҳа.

Қ.—ҳокимияти мутлақи (то 1 сент. 1970 протекторати Британияи Кабир буд). Сардори давлат —амир.

Сатҳи Қ. биёбони ҳамвори паст. Иқлимаш тропикии хушк. Ҳарор. миёнаи янв. 16°С, июль 32*С. Боришоти солона қариб 100 мм.

Қ. дар а. 7 ба Хилофати араб дохил гардид. А-ҳои 13—14 дар зери ҳукмронии амирҳои Баҳрайн буд. Дар авв. а. 16 Қ.ро( якҷоя бо Баҳрайн), португалиҳо ва дертар туркҳои усмонӣ забт карданд. Қ. объекти муборизха байни Эрон, Туркия, пешвоёни қабилаҳои араб, ҳукуматдорон Уммон ва Саудиён гардид. Дар нимаи дуюми асри 18 дар ҳудуди Қ. бо сардории сулолаи Тани салтанати хурде ташкил ёфт ва ин сулола дар ох. а. 19 тамомиҚ.-ро муттаҳид намуд. С. 1871 империяяи Усмония Қ.-ро аз

нав забт кард.ҚЦ. мувофиқи созишномаи 3 нояб. 1916 протекторати Британияи Кабир гардид. Аз 1 сент. 1971 давлати мустақил (аморат).

Асоси иқтисодиёти Қ.— истихроҷи нефт (18,8 млн т, 1984). 90% даромади умумии давлат аз ҳисоби фурухтани нефту газ мебошад. Корхонаҳои саноати коркарди нефт, химия ва цемент дорад. Дар водиҳо хурмо мепарваранд; арзан, ҷуворимакка, гандум, ҷав ва сабзавот кишт мекунанд. Дар биёбонҳо асосан шутурпарварӣ ривоҷ, ёфтааст. Аз баҳр моҳӣ ва марворид мегиранд. Тули умумии роҳҳои автомобилгард 2,2 ҳаз. км, нефту газопроводҳо 0,55 ҳаз. км (1984). Шарикони асосии тиҷоратиаш: Япония, ШМА, Британияи Кабир, Франция, РФГ. Воҳиди пул— риали Қатар.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …