Маълумоти охирин

ПОРТРЕТ

rasm

ПОРТРЕТ (Франс, portrait — сурат, тасвир), жанри санъати рассомӣ, ки ба офаридани образи шахси муайян асос ёфтааст. Асарҳои худи ин жанрро низ Портрет меноманд. Тавассути Портрет рассом образи инсонро офарида, олами маънавӣ, хислат, рӯҳия ва ҳолати ӯро нишон медиҳад ва ба ҷамъбасти иҷтимоию сиёсӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ муваффақ мешавад. Ба воситаи образҳои фардии ҳамзамонон ё мутафаккирони гузашта Портрет метавонад сифатҳои типии одамони давраи муайяни таърихиро таҷассум намуда, рӯҳия ваҳохоси табақаҳои гуногуни ҷамъиятиро нишон дидад. Вобаста ба мақсад Портрет яккаса, дукаса (ҷуфт), гурӯҳӣ; во­баста ба характери тасвир монументалӣ, мутантам, маҳрамона, ҳаҷвӣ (карикатура, шарж) мешавад. Портрет дар рассомӣ ва графика композитсияи то сина, то миён ва ҳамаи пайкар; дар ҳайкалтарошӣ бюст, муҷассама, ҳайкал, релефро дар бар мегирад. Асрҳои миёнаи Шарқ бо усули хоси портретнигорӣ — минётури портретӣ фарқ мекунад. Як навъи маъмули Портрет автопортрет аст. Рассом ё ҳайкалтарош Портретро дар асоси натура, хотираю ёддоштҳо ва материалҳои архив офарида метавонад. Антрополог ва ҳайкалтароши советӣ М. М. Герасимов дар асоси омӯзиши косахонаи cap офаридани Портретро асоснок намуд ва портретҳои Рӯдакӣ, Улуғбек, Амир Темур ва дигаронро бо ин усул офарид. Намунаҳои қадимтарини Портрет дар Мисри Қадим офарида шудааст, ки то замони мо Портретҳои Нефертити ва Эхнатон (асрҳои 15—14 то мелод) омада расидаанд. Дар ҳайкалтарошии Мисри Қадим жанри Портрет ба дараҷаи баланди инкишоф расид. Дар Портретҳои офаридаи Лисипп (асрҳои 5—4 то мелод) қудрату тавоноии инсон ситоиш ёфтааст. Дар ҳайкалтарошии Юнони Қадим Портретофарӣ характери схематики дошт, дар давраи классика намунаҳои аз ҷиҳати реалистӣ умумикунонидашудаи Портрет ба назар мерасад. Дар давраи эллинизм ба ҷиҳатҳои фардии одамон аҳамияти калом дода мешуд. Дар Рими Қадим баробари ҳайкалтарошӣ дар соҳаи рассомӣ низ Портретофарӣ ривоҷ ёфт. Дини ислом тасвири мавҷудоти зиндаро манъ кард, ки боиси дар кишварҳои исломи ривоҷ наёфтани Портрет дар рассомию ҳайкалтарошӣ гардид. Танҳо дар санъати минётур Беҳзод, Маҳмуди Музаҳҳиб барои рассомони бузург. Портрети ҳамзамонони худро офаридаанд. Санъати Портрет дар давраи Эҳё дар эҷодиёти Ҷотто, С. Боттичелли, Пе­ро делла Франческа, Ҷованни Бел­лини, Леонардо да Винчи, Рафаэл,. Микеланҷело, Тисиан, Ҷорҷоне (Ита­лия), Эл Греко (Испания), Я. Ван Энк (Нидерландия), А. Дюрер, X. Холбейн (Германия) ба авҷи аълои инкишоф расид. Дар нимаи якуми асри 18 намунаҳои Портретҳои реалистии рус (дар эҷоди И. Никитин) ба майдон омад. Дар нимаи дуюми асри 18 як қатор рассомони рус, аз ҷумла Д. Г. Левитский, Ф. С. Рокотов, В. Л. Боровиковский, Ф. И. Шубин санъати Портрети русро ба пояи баланд бардоштанд. Махсусан рассомон В. Г. Перов, Н. Н. Ге, И. Н. Крамской, В. А. Серов, И. Е. Репин дар офаридани симои милли ва образи одамони оддию меҳнаткаши рус ба бисёр бозёфтҳои калони эҷодӣ ноил шудаанд. Дар санъати рассомии советӣ ривоҷёбӣ ва инкишофи жанри Портрет бо номи рассомон И. И. Брод­ский, А. М. Герасимов, И. Э. Гра­бар, Л. Д. Корин, М. В. Нестеров, М. С. Сарян, Т. Т. Салоҳов, ҳайкалтарошон Е. В. Вучетич, Т. Залкалн, С. Т. Конёнков, В. И. Мухина, Н. В. Томский ва дигарон зич алоқаманд аст.

Жанри Портрет дар санъати тасвирии солҳои 30 тоҷик дар эҷодиёти Е. Бур­тсев, М. Хушмуҳаммадов, А. Ашу­ров, Портрет Фалбов ва дигарон пайдо шуда, тадриҷан ташаккул ёфт. «Портрети муаллим» ва «Автопортрет»-и А. Ашуров яке аз бозёфтҳои жанри Портрети ин солҳо ба шумор рафта, бо соддагии тимсол, ифодаи рӯҳия ва олами ботинии қаҳрамонон фарқ мекунад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Портретҳои ҷанговарони далери тоҷик — Қаҳрамонҳои Иттифоқи Со­ветӣ С. Турдиев, Н. Қаробоев (рассом П. Писанко, ҳар ду 1944), портрети Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Д. Азизов (рассом Б. Шоҳназаров), инчунии портретҳои ходимони намоёни давлатӣ ва адабиёту санъати тоҷик С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Шогадоев (рассомон Писанко ва Ю. Казмичев), Ғ. Валаматзода, С. Бандишоева, «Портрети тоҷнидухтар» (рассом Б. Саглина) ва дигарон офарида шуданд, ки бо фасоҳату таносуби ранг ва ҷозибаи зоҳири тамошобинро мафтун месозанд. Дар солҳои 50—60 баробари дигар жанрҳои санъати тасвирӣ Портретнигорӣ низ ин­кишоф ёфт. Дар ин жанр рассомони болаёқати тоҷик А. Раҳимов («Порт­рет бофанда Шарофат Қароева», 1059; «Портрет мироб Хоҷаев», 1902; «Портрет Муқим Султонов», 1967; «Портрети чӯпони номдор», 1909), И. Л. Л мелков («Портрети Арт. Халқии СССР Аслӣ Бурҳонов», 11954; «Портрети ҳавонавард Собиров», 1963; «Портрети балеринаи тоҷик Малика Собирова», 1969), В. Бобо­рикин («Портрети Рая» 1957; «Сарҳадчӣ», 1963; «Духтари Рӯшон», 1963; «Чӯпонони Сағирдашт», 1967), 3. Ҳабибуллоев («Портрети артист Ҳошим Гадоев», 1963; «Баҳор», 1967; «Ҷорчӣ», 1970), С. Қурбонов («Порт­рети генерал М. Тошмуҳаммадов», 1973) ва дигар санъати Портретнигории тоҷикро ба пояҳои боз ҳам баланд расонидаанд. Пайкартарошон Е. А. Татаринова, А. Ғаниев, К. Ҷумъағозин, Т. Г. Чередниченко муаллифони як қатор муҷассамаҳои портре­тии бо маҳорати баланд эҷодшуда мебошанд. Тасвирҳо дар ҷилди 1, саҳифаҳои 80—81, 432—33, 496—97.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …