Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планҳои молияи

Планҳои молияи

Планҳои молияи дар СССР, планхоест, ки даромади пулии давлат, корхона, ташкилотҳо ва шакли ғункунии онҳо, инчунин тартиби истифода аз онҳоро ифода мекунад. План дар асоси планҳои перспективӣ ва ҷории хоҷагии халқ тартиб дода мешавад. Дар План нишондиҳандаҳои гуногуни натуралии дар планҳои хоҷагии халқ мавҷуда бо пул ифода мегарданд ва нишондиҳандаҳои ис- теҳсолоти ҷамъияти муқоиса карда мешаванд. План ба иҷрои планҳои хоҷагии халқ мусоидат мекунад, захираҳои дохилӣ ва таносуби хоҷагии халқро муайян менамояд ва барои ба онҳо риоя намудан кӯмак мерасонад. План ба 3 гурӯҳ: индивидуалӣ, умумӣ ва марказонидашуда ҷудо мешавад.

Ба планҳои молияи инди­видуалӣ баъзе шахсони юридикӣ, баланси даромад ва хароҷоти ташкилоту корхона, планҳои молияи ташкилотҳои колхозию кооперативӣ ва сметаҳои муассисаҳои ғайриистеҳсолӣ (маориф, тандурустӣ) дохил мешаванд. Дар баланси даромад ва хароҷот маблағи даромад ва харҷ, дар смета бошад, фақат хароҷоти дар план пешбинишуда нишон дода мешавад. Ба планҳои молияи умумӣ баланс ва сметаи даромад ва хароҷоти ташкилотҳои номбаршуда дохил мешавад.

Дар ин ҳуҷҷатҳо даромад ва хароҷоти ташкилотҳои мазкур ва План ҳамаи дигар ташкилот ва корхонаҳои ба онҳо вобаста нишон дода мешавад. Планҳои мо­лияи марказонидашуда дар миқёси район, вилоят, республика ва мамлакат тартиб дода мешавад. Дар чунин планҳо бюҷети давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва планҳои мо­лияи умумии хоҷагии халқ дохил мешавад. Планҳои молияи умумии хоҷагии халқ ҳамаи нишондиҳандаҳои муҳими Планро дар бар мегирад. Иҷрои планҳои хоҷагии халқ шарти муҳими иҷрои План буда, дар навбати худ иҷрои План ба иҷрои нишондиҳандаҳои хоҷагии халқ таъсири калон мерасонад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …