Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭЗОРСУРХАК

ЭЗОРСУРХАК

picidae

ЭЗОРСУРХАК, эзорсурхакҳо (Picidae), як навъ паррандаеро гуянд, ки ба қатори эзорсурхакшаклон мансуб аст. Оилаи Э.-ҳо 224 намуд (дар СССР 15) дорад. Дар РОС Тоҷ. дар водии д-ҳои Вахш, Панҷ, Кофарниҳон, Зарафшон ва Сир маскун аст. Пешониаш сафед ва фарқи сару тахтапушташ сиёҳ буда, пушти гарданаш рахи кундаланги сурх дорад; болу параш ало ва зери шикамаш сурх аст. Дарозиаш 18 —19, думаш 8—9,5 см, болҳояш 12—13 см, вазнаш 150—160 г. Дар ковокии дарахтон лона сохта, 5—6 тухм мегузорад. Пойҳои кутоҳ, ангуштони дароз, чанголи тез ва нули боқувват дорад; забонаш кирмшакл буда, барои аз зери пустлох гирифтани ҳашарот ва кирминаю зочаи он мутобиқ шудааст. Э. ҳангоми дар танаи дарахт истодан ба болҳояш низ такья мекунад.

И. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …