Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петровский Иван Георгиевич

Петровский Иван Георгиевич

Петровский Иван Георгиевич (18.      1. 1901, Севок, ҳозира вилояти Брянск—15. 1. 1973, Москва), мате­матики советӣ, акад. (1946; аъзо- корр. 1943) ва аъ­зои Президиуми АФ СССР (аз соли 1953). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Баъ­ди хатми Университети Москва (1927) дар ҳамон ҷо кор кард (аз соли 1933 профессори, солҳои 1951—1973 рек­тор). Асарҳои асосии ӯ ба назарияи муолилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ, геометрияи алгебравӣ, назарияи эҳтимолият, физикаи математикӣ ва дигар соҳаҳои матема­тика оиданд. Петровский ба назарияи умумии системаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ асос гузошт; синфи системаҳои эллиптикӣ, гиперболӣ ва параболиро ҷудо кард ва омӯхт; таҳлилӣ будани ҳалли сис­темам эллиптикиро муқаррар намуд (1937); масъалаи Коширо барои системаҳои гиперболӣ ва параболӣ омӯхт ва ғайра. Асарҳои ба назарияи эҳтимолият оид будаи Петровский дар тадқиқи просессҳои тасодуфӣ саҳми муҳим буданд.

Петровский— доктори фахрии университетҳои Кар­лов (Прага. 1960), Бухарест (1962), Лунд (1968), София (1972), аъзои фахрии хориҷии Академияи РСР (1965). Аъзои Комитети муҳофизати сулҳи СССР (аз соли 1955). Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6— 8), аъзои Президиуми Совети Олии СССР (аз соли 1966). Ду карат лауреа­ти Мукофоти давлатии СССР (1946, 1952). Бо 5 орденн Ленин ва дигар ор­дену медалҳо мукофотонида шуда­аст.

Ас.: Лекции но теории обыкновенных дифференциальных уравнений. 1970; Лек­ции по теории интегральных уравнений.

М., 1965;

Ад.: Иван Георгиевич Петровский,  «Успехи математических наук», 1971; т. 26, в. 2, Олейник О. А., Математиче­ские работы И. Г. Петровского, «Вест­ник МГУ. Математика, Механика»», 1974,

  1. 1.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …