Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастии Кураю Аракс

Пастии Кураю Аракс

Пастии Кураю Аракс, пастиест дар қисми шарқии Закавказия ва PеспубликаиСоветии Cотсиалистии Озарбоёҷон. Дар поёноби дарёҳои Кура ва Аракс, дар байни кӯҳҳои Кавкази Калон ва Хурд воқеъ аст. Дар Шарқ бо баҳри Каспий ҳамҳудуд мебошад. Тӯлаш 250 километр, бараш 150 километр. Ба­ландии он то 200 метр, дар қисми мар­казӣ ва шарқӣ аз сатҳи баҳр пасттар. Релефаш асосан ҳамвор буда, каму беш пастию баландиҳо ва вулқонҳои лойфишон низ дорад. Пастӣ аз таҳнишастҳои баҳрӣ ва аллювиалию делювиалин давраи чорумин таркиб ёфтааст.

Иқлимаш гарму хушк. Ҳаpopати миёнаи июл 25—28°Селсия, январ 1,3—3,6°Селсия. Боришот қариб 200 — 400 миллиметр. Ландшафти пастӣ — нимбиёбонии хушки субтропикӣ. Хокаш хокистарранг, ҷигарранги тира, дар Шарқ шӯрзаминҳо ва ботлоқзорҳо мав­чуданд. Дар соҳили дарёҳо дарахтони бед, сафедор ва ғайра мерӯянд. Пастии  Кураю Аракс чарогоҳи хуби зимистона аст. Дар заминҳои обӣ пахта мекоранд; боғу токдорӣ ривоҷ меёбад. Дар ин ҷо кони нефт ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …