Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пастереллёз

Пастереллёз

Пастереллёз, септисемияи геморрагӣ, касалии сироятии ҳайвонот ва одам, ки бо септисемия ва илтиҳоби пардаи луобии роҳи нафас ва рудаҳо, инчунин варами шуш ва ғайра зоҳир мешавад. Бактерияҳо (пастереллаҳо) меангезанд. Манбаи ангезандаи Пастереллёз— ҳайвоноти касал. Ҳарорати ҳайвони касал баланд, камиштиҳо, набзу нафасгириаш тез ме­шавад; ҳангоми осеби сахти узвҳои нафас аз бинӣ луобу рим меояд, душвории нафасгирӣ ва сулфа мушоҳида мешавад.

Дар ваҳти Пастереллёзи рӯда исҳоли пуршиддат, сустӣ ба амал омада, сару гардан, зери сина ва дигар ҷойҳои гову хук варам мекунад. Барои ташхиси касалӣ аломатҳои клиникӣ, маълумоти эпизоотологӣ ва натиҷаҳои тадқиқоти бактериологиро ба назар мегиранд. Бо антибиотикҳо, сулфаниламидҳо ва ғайра муолиҷа мекунанд. Шароити хуби нигоҳубину парвариш, хӯроки хуб, иҷрои тадбирҳои ветеринарию санитарӣ ва гузаронидани ваксинаҳо Пастереллёзро пешгирӣ мекунад.

Дар одаме, ки ба Пастереллёз гирифтор шудааст, абссессҳо ва флегмона мушоҳида мешавад. Дар баъзе мавридҳо остеомиелиту бронхопневмония ин- кишоф меёбад. Аз ҳайвони гирифтори Пастереллёз худро эҳтиёт кардан чораи пешгирии касалист.

Адабиёт: Эпизоотология, Москва 1974.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …