Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Португалия

Партияи Коммунистии Португалия

Партияи Коммунистии Португалия (ПКП), марти 1921 барпо карда шуд. Соли 1922 ба Интернатсионали Коммунистӣ ҳамроҳ шуд. Баъди табаддулоти ҳарбии соли 1926 маҷбур шуд ба пинҳонкорӣ гузарад. Апрели 1929 Конференсияи миллии партиявӣ ҷамъ омад, ки он ибтидои ба партияи хақикатан марксистӣ-ленинӣ мубаддал гардидани Партияи Коммунистии Португалия ПКП буд. Минбаъд партия мавқеи худро дар ҳаракати иттифоқҳои касаба мустаҳкам намуд, дар ташкил ва гузарондани як қатор корпартоӣ ва баромадхои сиёсӣ рох,барӣ кард.

Ноябри 1943 Съезди 3-юмп Партияи Коммунистии Португалия ПКП барпо гардид, ки он зарурати мустахкам намудани яганагии коргарон ва зиддифашистонро қайд кард. Дар  съезд  нахустин бор Комитети Марказӣ чун органи роҳбарии коллективона (то съезд танҳо котибот вуҷуд дошт) интихоб карда шуд. Баъди Ҷанги дуюми чаҳонӣ, коммунистони Португалия вазифаи асосии худро дар сарнагун кардани режими фашистӣ медиданд. Ин масъала дар маркази дикқати иштирокчиёни съездҳои 4-ум (июл 1946), 5-ум (сентябр 1957) ва 6-уми (август— сентябр 1965) Партияи Коммунистии Португалия ПКП меистод. Съезди 6-уми партия Программаи нав қабул кард, ба Устав тағйирот даровард (аввалин Программа ва Устави Партияи Коммунистии Португалия ПКП дар Съезди 5-ум қабул карда шуда буд).

Программаи нав сарнагункунии мусаллаҳонаи режими фашистиро пешбинӣ карда, хушӣ ба хушӣ ҳал намудани проблемаи миллиро низ истисно намекард. Талабҳои муҳимтарини программа: барҳам додани ҳукмронии монополияҳо; милликунонии соҳаҳои асосии иқтисодиёт; гузаронидани ислоҳоти аграрӣ ва додани замин ба деҳқонон; дигаргунсозиҳои амиқи ҷамъият ба манфиати аксарияти халқ; ба халқхои Ангола, Гвннеяи Бисау, Мозамбик истиқлолият додан. Мақсади охирини Партияи Коммунистии Португалия ПКП, чунон ки дар программа қайд шудааст, дар Португалия сохтани сотсиализм ва коммунизм аст. Соли 1962 бо роҳбарии партия дар таърихи диктатураи фашистӣ калонтарин корпартоии коргарони халқҳои вилоятҳои ҷанубии Португалия гузаронида шуд, ки дар он кариб 200 ҳазор кас иштирок кард; коргарон ба рӯзи кории 8-соата муваффақ шуданд. Баъди сарнагун кардани диктатураи фашистӣ дар Португалия (25 апрели 1974) коммунистон ба ҳайати ҳукумат дохил шуданд. 20 октяӣри 1974 Съезди 7-уми (ғайртанавбатии) Партияи Коммунистии Португалия ПКП барпо гардид.

Съезд қайд кард, ки барои муваффақияти револютсия давлати демократӣ ба вуҷуд овардан ва онро мустаҳкам кардан зарур аст. Съезд мувофиқи вазъияти нав ба Программа ва Устави Партияи Коммунистии Португалия ПКП тағйирот дохил намуд. Съезди 9-уми ПКП (31 май — 3 нюни 1979) вазифаи партияро дар марҳалаи ҳозира муайян кард; сиёсати муттаҳид  намудани ҳамаи қуввахои чапи демократии мамлакатро пеш гирифта, ба он муваффақ шудан лозим, ки конститутсияи мавҷуда ва қону-ниятҳои демократӣ риоя, музаффариятҳои револютсионӣ муҳофизат, шароити ҳаёти халқ бештар карда шавад; барои васеъ кардани алоқаҳои баробарҳуқуқи байналхалқӣ, ҳамкории Португалия бо мамлакатҳои сотсиалистӣ ва тараққипарвар мубориза бурда шавад.

Партияи Коммунистии Португалия ПКП бо ҳаракати байналхалқии коммунистӣ алоқаи фаъолона дорад, барои ягонагӣ ва муттаҳидии ҳамаи отрядҳои он дар асоси марксизм-ленинизм ва интернатсионализми пролетерӣ устуворона мубориза мебарад. Намояндагони Партияи Коммунистии Португалия ПКП дар кори Маҷлисҳои машваратии байналхалқӣ ва коргарӣ (1957, 1960 ва 1969, Москва), Конференсияи Берлин (1976) вохӯрии намояндагони Партияҳои Коммунистии Европа дар Париж (28—29 апрели 1980) иштирок карданд.

Партияи Коммунистии Португалия ПКП аз рӯи принсипи сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии Партияи Коммунистии Португалия ПКП — съезди партия, дар байни съездҳо— Комитети Марказӣ, ки аз ҳайати он Комиссияи сиёсӣ ва Котибот интихоб мешавад. Котиби генералии партия — А. Куньял. Органи марказии Партияи Коммунистии Португалия ПКП — газетаи «Аванте».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …