Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Венесуэла

Партияи Коммунистии Венесуэла

Партияи Коммунистии Венесуэла (ПКВ), марти 1931 пинҳонӣ ташкил карда шуд. Августи 1953 ба Интернасионали Коммунистӣ қабул гардид. Августи 1931 дар шаҳри Маркай Конференсияи 1-уми миллӣ барпо гашт, ки он дар бобати мустаҳкамшавии ташкилии партия як қатор чораҳо андешид. Соли 1944 дар натиҷаи амалиётӣ ҷудоиандозии гурӯҳҳои оппортупистии рост ва сектантчигӣ ҷудоӣ ба амал омад. Соли 1945 комму­нистон ба хуқуқи озодона амал кар­дан муваффақ гаштанд. Ноябри 1946 Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Венесуэла барпо гардид. Съезд тезисҳои сиёсӣ ва Устави партияроқкабул кард.

Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Венесуэла (августи 1948) тамоми қувваҳои прогрессивии мамлактро даъват намуд, ки ба муқобили монополияҳои империалистӣ ва реаксияи дохили фронти ягона барпо кунанд. Маи 1950 хукумати хунтаи ҳарбӣ (соли 1948 ба сари ҳокимият омада буд) фаъолияти партияро манъ кард. Соли 1957 бо иштироки фаъолонаи Партияи Коммунистии Венесуэла Хун­таи ватандӯстӣ барпо карда шуд, ки он дар муборизаи зидди диктатураи М. Перес Ximonec мавқеи калон дошт. Баъди сарнагун шудани дик­татура, соли 1958 партия аз пинҳонкорӣ баромад. Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Венесуэла (марти 1961) дар бобати шикаст до­дани сиёсати таслимкоронаи хукумат дар назди имперпализми Штатҳои Муттаҳидаи Америка, мубориза барои барпо кардани хукумати демократӣ ва ватандӯстона вазифа гузошт.

Съезд тезисҳои сиёсӣ ва Устави нав қабул кард. Аз маи 1962 то марти 1969 фаъолияти пар­тия аз нав манъ карда шуд. Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Венесуэла (январи 1971) декларасияи сиёсӣ, Программаи талабҳои наздиктарин, Устави нави партияро қабул кард ва роҳи муборизаи зидди импе­риализм, роҳи муборизаро барои азнавсозиҳои сотсиалӣ муайян намуд. Съезд гурӯҳи оппортунистони рости Петков — Маркесро аз сафи партия хориҷ кард. Партияи Коммунистии Венесуэла дар асоси қарорҳои съезди 4-ум фаъолияти худро вусъ- ат дод, таъсири худро ба омма пурзӯр намуд.

Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Венесуэла (но­ябри 1974) Программаи партия ва дек­ларасияи сиёсиро қабул намуд, ба устав тағйирот даровард. Августи 1975 Конференсияи 7-уми миллии Партияи Коммунистии Венесуэла барпо гардид, ки он програм­маи вусъат додани фаъолияти партиявиро дар байни омма муайян на­муд. Партияи Коммунистии Венесуэла бо тарафдории ягонагии ҳамаи қувваҳои прогрессивӣ ва демократӣ дар муборизаи зидди  импе­риализм ва олигархияи маҳаллӣ ба­ромад мекунад. Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Венесуэла дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Мо­сква) иштирок доштанд. Партияи Коммунистии Венесуэла ҳучҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист.

Партия дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта шудааст. Органи одии партия — съезд, дар байни съездҳо Комитети Марказӣ, ки он Бюрои си­ёсӣ ва Котиботро интихоб мекунад. Раиси партия — Г. Мачадо, Котиби генералӣ — X. Фариа. Органи марказиаш «Трибуна популар».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …