Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панкреатит

Панкреатит

Панкреатит (аз юв. pankreas — ғадуди зери меъда), газаки ғадуди зери меъда. Панкреатит ду хел мешавад: ша­дид ва музмин. Хелҳои зерини Панкриатити шадид маълуманд; хунрав, некрозӣ, фасодӣ ва ғайра. Панкреатити шадид аз таъсири микробҳои гуногун сар мезанад. Дар натиҷаи аз меъер зиёд хӯрок хурдан, бемориҳои меъдаю рӯдаи дувоздаҳаи гӯштӣ ва роҳҳои захраю ҷигар, тангшавии шохаҳои ғадудҳо ва ғайраҳо пайдо мешавад.

Асоси патотенези Панкреатит шадидро худ аз худ ҳалшавии ғадуди зери меъда аз таъсири ферментҳои он — трипсин, химотрипсин, липаза ва ғайра ташкил медиҳад.  Ҳангоми вайровшавии бофтаҳои ғадуди зери меъда кининҳо (моддаҳое, ки фишори хуни артериявиро паст мекунанд) ҳосил мешаванд; онҳо гардиши хунро дар ғадуд вайрон карда, боиси бо хун омехта шудани заҳра ва ихтилоли девораҳои ғадуд мегарданд. Дар вақти Панкреатит шадид ҳарорат баланд мешавад, шикам сахт дард мекунад, дил беҳузур шуда одам беист қай мекунад.

Панкреатит м у з м и н аз баста шудани роҳҳои ғадуди зери меъда дар натиҷаи бемориҳои рӯда ба вуҷуд меояд. Ҳангоми ҷараёни он ғадуди зери меъда хурд ва роҳҳои он танг мешавад. Дар вақти авҷ гирифтани беморӣ он тарафе, ки ғадуди зери меъда ҷойгир шудааст, дард мекунад. Бемор зафъи дил шуда, аз ҳол меравад. Перитонит, думмал, диабети қанд ва ғайра боди Панкреатитанд.

М у о л и ҷ а: парҳез, истифодаи воситаҳои заҳрарон, антибиотикҳо, препаратҳои зидди ферментӣ ва ғайра; ҳангоми муътадилии беморӣ муолиҷаи курортӣ.

Ад.: Ш е л а г у р о в А. А„ Болезни поджелудочной железы. М., 1970.

 

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …