Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Оворагардӣ ва гадоӣ

Оворагардӣ ва гадоӣ

Оворагардӣ ва гадоӣ, дар давлатқои истисморгар зуҳуроти иҳтимоиест, ки дар натиҷаи таъмин набудани меҳнаткашон аз воситаҳои зиндагӣ ба вудуд меояд. Ин ҳол дар оворагардӣ аз як ҷой ба ҷои дигар, зиндагии бе хонумон ва аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кардан ифода ме­гардад. Дар ҷамъияти истисморӣ давлат ба шахсони маҷбуран ба ово­рагардӣ машғулбуда имкон намедаҳад, ки дар меҳнати истеҳсолӣ иштирок кунанд.

Дар ҷамъияти сосиалистӣ ба сабаби мунтазам беҳтар шудани шароити моддии меҳнаткашон оворагар­дӣ вудуд надорад. Вале баъзан шахсоне вомехӯранд, ки ба Оворагардӣ ва гадоӣ машғул шуда, муфтхӯрона умр ба cap бурданӣ мешаванд. Ин ҳодиса боиси дуршавии унсурҳои зиддиҷамъиятӣ аз меҳнати фоиданок, кӯшиши аз ҳисоби ҷамъият ба таври муфтхӯрона рӯз гузаронидан, саркашӣ аа масъулияти ҳимоятӣ, аз додани алимент ва ғайра мегардад.

Дар СССР ба шахсоне, ки мунта­зам ба Оворагардӣ ва гадоӣ машғул мешаванд, ҷазо пешбини шудааст (моддаи 223 КҶ РСС Тоҷикистон). Оворагардӣ маънои аз меҳнати фоиданоки ҷамъияти cap кашиданро ифода карда, гадоӣ. рӯзгузаронӣ аз ҳисоби садақа, муфтхӯрӣ кардан, сарват андӯхтан мебошад. Ба гражданинҳои қобили меҳнате, ки ба синни 18 расида ба Оворагардӣ ва гадоӣ машғуланд, ҷазо дода меша­вад.

Наврасони 16—18-солае, ки ба Оворагардӣ ва гадоӣ машғул мешаванд, бо кор таъмин ва ё дар муассисаҳои махсуси бачагона ҷойгир карда шуда, баъзан ба онқо васӣ муайян карда мешавад. Дар Иттифоди Советӣ ба­рои ҳаёти осоишта ҳамаи шароитҳо муҳайест. Бинобар он ба Оворагардӣ ва гадоӣ роҳ дода намешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …