Маълумоти охирин

Олмурӯд

Олмурӯд, сурх нок, яке аз навъҳои хеле қадимаи нок. Балан­дии дарахташ 10—26 метр, то 350 сол месабзад. Танааш ғафс (д и а метра ш то 5 метр), навдаҳояш ашҳабӣ ё ҷигарранги сурхтоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 7,5 сантиметр, бараш 4,2 сантиметр), мевааш калон-калон (ба ҳисоби миё­на 158—164 грамм), пӯсташ каме мулоим, ҷилодор, холҳои сурх дорад, рангаш зарди норанҷӣ, одатан тарафи офтобрасаш қирмизӣ; мағзаш сафеди гулобитоб, холҳои сурх дорад, камшира, ширин, андак нордон, хушбӯй ва хуштаъм аст. 12,14% қанд ва 0,13% ҷавҳар дорад.

Моҳҳои сентябр ва аввали октябр мепазад. Асосан барои тархӯрӣ истифода мешавад. Навъи серҳосил буда, аз бехаш то 300—350 (баъзан то 850—1000) килолграмм мева мегундоранд. Бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Баъди 4—5 соли пайванд ҳосил медиҳад. Олмурӯд ба бе обӣ ва касалӣ тобовар аст. Асосан дар водии Фарғона мепарваранд Дар деҳаи Ворухи pайони Исфара дарахти 300- солаи Олмурӯд (баландиаш 23,2 метр) мавҷуд аст, ки соле 800—850 кг мева додааст.

Адабиёт: Қосимов М., Навъҳои маҳаллии мурӯду нокҳо, Душанбе, 1971.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …