Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Олимии Доробгардӣ

Олимии Доробгардӣ

Олимии Доробгардӣ Мавлоно Мирзосӯҳроб (соли таваллуд номаълум — вафот 1567, Шероз), шоири форс-тоҷик. Бино ба ишораи муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан», Олимии Дорогардӣ пас аз касби камол барои такмили дониш ба Шероз рафта, то охири умр дар он ҷо зиндагонӣ кар­дааст.

Олимии Доробгардӣ ғазалро шӯрангез месурудааст. Бештари ғазалиёташ —ошиқона. Ашъори парокандаи ӯ дар тазкираву баёзҳои баъдина ба назар мерасанд. Намунае аз адабиёти ӯ:

Пешк пои он парӣ зулфи дуто афтода буд.

Он чи меҷустем умре, пеши по афтода буд

Бо ҷомаи гулгун шудаӣ ҷилвагар имрӯз

Дил мебарӣ, эй шӯх, ба ранги дигар имрӯз.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …