Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оқбешим

Оқбешим

Оқбешим, димнаест дар райони Чуи Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон Онро соли 1894 В. В. Бартолд кашф карда, ба пойтахти давлати Қарахониён (асрҳои 10—12) — Баласағун айният дод. Дар Оқбешим солҳои 1938—40 А. Н. Вернштам ва 1953—54 Л. Р. Кызласов ҳафриёти археологӣ гузарониданд. Оқбешим аз шаҳристон (бо куҳандиз), работ ва девори шаҳр иборат буд.

Ба шаҳр Оқбешими Хурд ва Оқбешими Калон (қалъа дар тарафи шимол ва ғарбии димна) дохил аст. Л. Р. Кыэласов дар қабатҳои маскуни (ар­хеологии) шаҳристон (асрҳои 5—10) 4 давран сохтмонро ошкор кард. Дар работ ёдгориҳои мансуб ба асрҳои 6—8 ёфт шуданд. Бино ба маълумоти археологӣ ҳаёт дар шаҳр асри 10 қатъ гардидааст. Ба ин сабаб ақидаи бо Баласағун айният доштани Оқбешим рад шуд.

Ад.: Кыэласов Л. Р„ Археологиче­ские исследования на городище Ак-Бе- шйм в 1953—54, дар кит.: Труды КАЭЭ, том 2, Москва. 1959.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …