Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Обсофкунак

Обсофкунак

Обсофкунак (Gyrinidae), оилаи ҳашаротҳое, ки ба қатори гамбускҳо мансуб аст. Танаш тираи ҷилонок (дарозиаш то 8 миллиметр), сараш кӯтоҳи васеъ, чашмаш ба воситаи девора ба ду ҳисса ҷудо шудааст. Пойҳои пешаш дароз буда, вазифаи доштанро иҷро мекунад; пойҳои мобайнию ақибаш бошанд, барои шино кардан мувофиқ шудаанд.

Дар обанборҳои ором дар рӯи об зиндагӣ мекунад ва танҳо ҳангоми хатар ба об ғӯта мезанад; дар шаби торик парвоз мекунад. Қариб 600 намудаш (аз онҳо 100 намудаш дар Палеарктика зиндагӣ мекунад) маълум аст. Дар CСCP 21 ва дар Осиёи Миена қариб 5 намудаш паҳн шудааст.

Аз онҳо дар обанборҳои кӯҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон Orectochilus zeravshanicus, бештар вомехӯрад. Обсофкунак дарранда аст. Вай ҳашароти майда, кирмина, кирмҳои обӣ ва ғайраро хӯрда обро тоза мекунад. Кирмаки 0бсофкунак дар зери хок зиндагӣ карда, дар соҳил ба зоча табдил меёбад.

Адабиёт: Фауна СССР, Насекомые жестко­крылые, том 4, Плавунцовые и вертячки, Москва—Ленинград, 1953.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …