Маълумоти охирин

Образи бадеӣ

Образи бадеӣ, дар адабиёт ва санъат шакли инъикоси воқеият, манзараи конкрет ва муҷтамеи ҳаёти инсон буда, дар партави идеали эстетикии санъаткор, бо ёрии таҳайюли бадеӣ офарида мешавад. Образи бадеӣ воситаи идрок, инъикос ва ифодаи эҳсосу афкор, кӯшишу ҳаяҷони санъаткор, тарзи тадқиқи ҳаёт аст.

Образи бадеӣ аҳамияти маърифатӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ дорад. Нависанда воқеаҳои зиндагӣ ва манзараҳои ҳаёти инсонро аз рӯи идеали эстетикии худ тадқиқ менамояд, вобаста ба талаботи замон ба ҳодисаҳои ҳаёт ва рафтору кирдори одамон баҳо медиҳад. Ба ин васила Образи бадеӣ ба та- шаккули ҳамаҷонибаи шахсият ёрӣ мерасонад.

Образи бадеӣ қонуниятҳои ҷараёни зиндагиро ошкор сохта, ба фаъолияти амалии одамон таъсир мебахшад. Ин ҷо идеали эстетикии санъаткор, мақоми иҷтимоии ӯ мавқеи калон дорад. Агар нависанда тарафдори халқ бошад, ҳақиқати ҳаёти халқро дар адабиёт ҳаққонӣтасвир мекунад. Дар адабиёт образи инсон мақоми асосӣ дорад. Бинобар ин зери мафҳуми Образи бадеӣ пеш аз ҳама образи инсон дар назар дошта ме­шавад.

Асари бадеӣ образҳои асосӣ ва ёрирасон дорад. Он образҳое, ки дар маркази диққати нависанда қарор гирифта, хати сюжети асарро инкишоф медиҳанд, аз ҷумлаи образҳои асосианд. Ғояи асосии асари бадеӣ ба воситаи образи асосӣ ифода меёбад. Масалан, Восеъ образи асо­сии романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода мебошад. Дар маркази роман обра­зи Восеъ меистад ва тамоми дигар воқеаҳо дар атрофи ӯ ҷараён гирифта, барои кушодани моҳияти ин об­раз ёрӣ мерасонанд.

Образи бадеӣ ду хел мешавад: мусбат ва манфӣ. Образҳое, ки идеали нависандаро инъикос мекунанд, образҳои мусбатанд. Масалан, Ёдгор аз романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ, Пӯлод аз романи «Одамони ҷовид»-и Раҳим Ҷалил, Ҳасан аз достони Мирзо Турсунзода «Ҳасани аробакаш», Рӯдакӣ аз драмаи Сотим Улуғзода «Қисмати шоир» образҳои мусба­танд, ки онҳоро образи эҷодӣ ҳам мегӯянд. Шахсоне, ки бар хилофи идеали нависанда амал мекунанд, образҳои манфӣ мебошанд. Қорӣ Ишкамба аз «Марги судхӯр»-и Айнйӣ Ғаниҷонбой аз романи Ҷ. Икромӣ «Духтари оташ» образҳои манфӣ ба шумор мераванд. Образи манфиро образи қалбӣ ҳам меноманд.

Образи бадеӣ дорои хусусиятҳои фардист.. Дар ӯ асари бадеӣ хусусиятҳои фардии ҳаёти инсон ва манзараҳои табиат инъикос мешавад. Вале нависанда барои дуруст нишон додани ҷараёни зиндагӣ ба лаҳзаҳои муҳим ва типии ҳаёт рӯ меоварад. Аз ин ҷо дар як тасвири фардӣ ҷамъбасти бадеӣ ҳам дорад. Ин аз муҳимтарин хусусияти Образи бадеӣ мебошад. Образи бадеӣ аз бисёр ҷиҳатҳо таърихан тағйирпазир аст.

Образи бадеии санъати ҷомеаи ибтидой аз Образи бадеии замони атиқа фарқ мекунад. Образи бадеии осори нафисаи асрҳои миёна ба Образи бадеии адабиёти давраи Эҳё монанд нест. Образи бадеии классисизм, сенти­ментализм, ҷараёнҳои гуногуни ро­мантизм, реализми танқидӣ, натура­лизм, символизм, экспрессионизм, мактабҳои гуногуни модернизми асри 20, реализми сосиалистӣ ҷиҳатҳои ба худ хос дорад. Дар адабиёти реализми сосиалисти пеш аз ҳама Образи бадеии бинокорони фаъоли комму­низм офарида мешавад.

Адабиёт: ҲодизодаР., Шукуров М.. Абдуҷабборов Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ, Душанбе, 1966; Словарь литературоведческих терминов, Москва, 1974.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …