Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обҳои зеризаминӣ

Обҳои зеризаминӣ

Обҳои зеризаминӣ, обҳои қисми болоии қишри Замин (то чуқуриҳои 12—16 километр)-ро гӯянд, ки дар ҳолати моеъ, сахт (ях) ва бур вомехӯранд. Обҳои 3еризаминӣ бо вазни худ ҳаракаткунандаро Обҳои зеризаминии озод ё гравитасион, дар рӯи зарраҳои ҷинсҳо чун парда ё бур ҷо гирифтаро Обҳои зеризаминии пайваст (сорбсияшуда), дар сӯрохиҳои хурди ҷинсҳо даромадамондаро Обҳои зеризаминии капиллярӣ меноманд.

Вобаста ба хусусияти холигии ҷинсҳои обнигаҳдор Обҳои зеризаминӣ масомагӣ, тарқишӣ ва карстӣ мешаванд. Обҳои зеризаминии  масомагӣ дар peк, шағал ва дигар ҷинсҳои шикастапора, тарқишӣ дар табақаи ҷинсҳои шахӣ (граниту гнейсҳо) ва к а р с т ӣ  дар ҷинсҳои маҳлулшаван-да (оҳаксанг, доломит, гаҷ ва ғайра) ҷойгир мешаванд. Қабатҳои аз оби гравитасиони пуршудаи ҷинсҳои кӯҳӣ   горизонтҳои обдорро ташкил медиҳанд.

Аз сатҳи замин аввалин қабати обдорро гори­зонта обҳои заминй мено­манд. Дар рӯи горизонти обҳои за­минӣ обҳои капиллярӣ ва аз он бо­лотар зонаи аэрасия воқеъ гаштаанд. Аз заҳидани обҳои борон ва обёришаванда дар қабатҳои обногузари зонаи аэрасия обҳои мавсимӣ ҷамъ мешаванд. Дар таги горизонти обҳои заминӣ горизонти обҳои фишорноки артезианӣ хобидаанд. Дар таркиби Обҳои зеризаминӣ элементҳои гуногуни химиявӣ (ба миқдори зиёд К, Na, Са, Mg, Fe, Al, S, C, Si, N, О, H), инчунин моддаҳои органикӣ ва газ (Со*, О*, N*, С*Н2 ва ғайра) мавҷуданд.

Обҳои зеризаминиро аз рӯи дараҷаи минерално- киашон ба Обҳои зеризаминии ширин (то 1 грамм/литр), шӯр (то 50 грамм/литр) ва намакоҳои зеризаминӣ (беш аз 50 грамм/литр) ҷудо мекунанд. Аз ҷиҳати пайдоиш Обҳои зеизаминӣ инфилтрасионӣ, конденсасионӣ, седиментасионӣ, магматогенӣ ё ки ювенилӣ мешаванд.

Обҳои зеризаминии филтрасионӣ — дар натиҷаи ба зери замин заҳида гузаштани обҳои барфуборон ва кӯлу дарёҳо, кон­денсасионӣ— ба туфайли ба об табдил ёфтани бур ва ба қабати ҷинсҳои масомаю тарқишдор ҷойгир шудани он, седиментасионӣ — дар рафти ҷамъшавии таҳшинҳо, магматогенӣ ё юведилӣ — ҳангоми кристаллбандии магма ё метаморфизми ҷинсҳои кӯҳӣ ба вуҷуд меоянд. Шиндо, магматогенй ё юведилй — хангоми кристаллбаяднн магма ё метаморфиами ҷинсдон кӯдй ба вуҷуд меоянд.

Обҳои зеризаминӣ як қисми захираи оби Заминро ташкил медиҳанд. Захираҳои умумии Обҳои зеризаминии хушкӣ беш аз 60 миллион километр3 аст. Обҳои зеризаминиро сарвати зеризаминӣ мешуморанд, ки онҳо бар хилофи намудҳои дигари сарватҳои зеризамини дар просесси истифода аз нав барқарор мешаванд. Бо тадқиқи Обҳои зеризаминӣ гидрогеология машғул аст. Дар СССР зиёда аз 100 стансияҳои гидрогео­логӣ мавҷуд буда, бештар аз 25000 пункти назоратиро дарбар мегирад.

Дар территорияи Тоҷикистон захираҳои калони Обҳои зеризаминӣ  мавҷуданд. Онҳо беш­тар обҳои ширини артезианӣ, чашмаҳои гарму хунук, инчунин обҳои минералӣ ва намакобҳои зеризаминианд .Обҳои зеризаминии хушсифати нӯшокӣ асосан дар қисмҳои болоӣ ва миёнаи конусҳои селовард, водиҳои наздикӯҳӣ ва зери дарёбодҳо ҷамъ шудаанд. Маҳз ҳамин ҷойҳо барои кофтани пармачоҳҳо хеле мувофиқанд.

Дебити ин гуна чоҳҳо дар 1 сония даҳҳо ва садҳо литрро ташкил медиҳад. Обҳои зеризаминӣ барои аз оби нӯшокӣ таъмин кардани аҳолию чорвои ҷамъиятӣ ва обёрии заминҳо, инчу­нин эҳтиёҷоти технологии корхонаҳои саноатӣ ва муолиҷаи беморон, ҳосил кардани намак ва як қатор элементҳои химиявӣ (йод, бор, бром ва ғайра) аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …