Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуқтавия

Нуқтавия

Нуқтавия (ар. — аз нукта ҷараёни динии бидъатиест, ки соли 1398 дар Эрон аз тарафи Маҳму­ди Пасехонӣ (Гелонӣ) таъсис шудааст. Маҳмуди Пасехонӣ пайдоиш ва зухури ҳама чизро аз як нуқта (хок) медонист ва пайравони ӯ бо номи аҳли Нуқтавия маъмул гаштанд. Аҳли Нуқтавия  ба таносух бовар доранд. Ба ақидаи онҳо «одамӣ пас аз марг боз ба сурати тозае бадин ҷаҳон боз хоҳад гашт». Пайравони Нуқтавия ақида доштанд, ки «ҳар чӣ дар ҷаҳон хаёт, ҳаргиз аз ҷаҳон нопадид нахоҳад шуд ва агар ба сурате нопадид гашт боз ба сурати дигар аз инсон ё гиёҳ зоҳир мешавад». Мувофиқи ақидаи Нуқтавия  барои дар шакли нисбатан беҳтар пайдо шудан инсон бояд комил шавад. Рафтори зишт сабаби он мегардад, ки инсон баъди марг дар шакли ҳайвон ё парранда аз нав ба дунё меояд. Аҳли Нуқтавия сайёраҳо ва ситораҳоро одамони комилшуда ҳисоб мекунанд.

Нуқтавия ҳамчун дигар ҳаракатҳои  динии асримиёнагӣ мазмуни иҷтимоӣ дорад. Нуқтавия дар давраи парокандагии феодалӣ, тасарруф ва ҳукмронии ашрофи турку муғул ва афзудани истисмори феодалии меҳнаткашон ба вуҷуд омадааст. Маҳмуди Пасехонӣ ба таълимоти исломи расмӣ муқобил баромада, биҳишту дӯзахро дар ин дунё мебинад. Хуруҷи калони аҳли Нуқтавия дар нимаи дуюми асри 18 ба вуқӯъ пайваст. Баъди қатли 40 нафар пайравони Нуқтавия аз тарафи шоҳи сафавӣ Таҳмосии I (ҳукмронии 1524—76) солҳои 70 асри 16 ғазаби нуқтавиён афзуд. Дар ин давра ба ҳаракати Нуқтавия Хусрави Қазвинӣ (муллақаб ба Хусрави Қаландар) сарварӣ мекард. Мувофиқи маълумоти Искандарбеки Мулшӣ ӯ шахси ҷаҳонгашта буд, фиқҳ ва дигар илмҳои замонаро хуб медонист.

Вай ба сӯфиҳо пайравӣ карда, либоси дурушти оддӣ пӯшда фақирона зиндагӣ мекард, дар тартиботи худ аз аҳволи вазнини ҳунармандон ва шаҳриён сухан ме- гуфт. Хамам ин обрӯи ӯро байни омма афзуд. Аҳли Нуқтавия табақаи болоии ҷамъиятро танқид карда, «…анбиёро шаҳватпараст, авлиёро козиб, уламоро дунёҷӯй, урафоро дурӯғгӯй, машоихро дӯкондор ном кардаанд…» Соли 1593 бо фармони Аббоси 1 дастаи махсуси ҷаллодон — «тоҷи буюк» Хусрави Қаландар ва пайравони ӯро дар масҷид иҳота намуда, қисми зиёди онҳоро қатл карданд. Хусрави Қаландар ваҳшиёа кушта шуда, ҷасадаш як ҳафта ба рӯи дор овезон монд. Дар саросари Эрон таъқиб ва қатли аҳли Нуқтавия cap шуд. Дар байни мақтулон пайравони Нуқтавия— олими намоён Мавлоно Сулаймони Табиби Со- ваҷӣ низ буд. Қисме аз аҳли Нуқтавия ба мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуданд.

Таълимоти Нуқтавия ба ҳуруфия қаробат дошт. Ахли Нуқтавия низ чун аҳли ҳуруфия дунёро куҳан шуморида, дӯзаху биҳишти инсонро дар ҳамин дунё медиҳанд. Нуқтавия ба мисли дигар ҷараёнҳои динни асрҳои миёна аз буддоия ғизои маънавӣ гирифтааст. К. Бобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …