Маълумоти охирин

Нубиҳо

Нубиҳо, халқест, ки дар соҳилҳои дарёи Нил, дар шимоли Республикаи Судон, инчунин дар шимолтари сарбанди Асвон зиндагӣ мекунад. Шумораашон 1,7 млн нафар (1978). Як қисми начандон калонн Нубиҳо дар кӯҳҳои Кордофан (Нубиҳои кӯҳистонӣ) маскунанд. Ба забони нубиӣ ва арабӣ гуфтугӯ мекунанд. Диндорон мусулмонони суннимазҳабанд.

Нубиҳо авлодони бевоситаи аҳолии Нубияи Куҳан буда, аз давраҳои қадим ба деҳқонӣ (гандум, ҷав, сабзавот, пахта) ва боғдорӣ (хурмо) машғуланд. Чорводорӣ (барзагов, асп, уштур, бузу гӯсфанд ва хар) низ тараққӣ кардааст. Қисми зиёдн Нубиҳо дар калонтарин шаҳрҳои Судон иқомат дошта, ба ҳунарманд ва савдо, дар корхонаҳо ва плантасияҳои давлатии пахта кор мекунанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …