Маълумоти охирин

Нозими Ҳироти

Нозими Ҳироти     (1601-1605, ) Ҳирот —1671 ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз оилаи Ҳунарманд. Дар Ҳирот таҳсил ва эҷод кардааст. Фаъолияти адабии Нозими Ҳироти дар муҳити ҳунармандони Ҳирот ҷараён дошт. Си­пас, шоир бо ҳокими Хуросон Ҳасанхон (1618—1940) муносибат пайдо карда, баъд аз вафоти ӯ дар дарбори Аббоскулихон хизмат намуд ва бо супориши ӯ соли 1662 маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-ро ба итмом расонд. Чанд вақт дар Арабистон буд.

Соли 1667 ҳамсабақи Нозими Ҳиротӣ Толиби Ҳиротӣ як нусхаи «Девон» ва масвавии «Юсуф ва Зулайхо»-и ӯро ба Бухоро овард ва бо ҳамин шоир шӯҳратманд гардид. Мероси бадеии Низоми аз маснавии «Юсуф ва Зулайхо», қасоид, ғазалиёт, қитъаот ва рубоиёт иборат буда, беҳтарин нусхаи «Куллиёт»-и ӯ дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон маҳфуз аст. Шоир дар эҷодиёташ ишқ, табиат, зиндагӣ, инсон ва ғайраро ситоиш кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …